Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар осоишгоҳи Хоҷа Обигарм таҳти унвони «Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон: қонунгузорӣ ва амал» семинари серӯза баргузор шуд.

            Семинар аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ташаббусти шаҳрвандии сиёсати Интернет», шӯъбаи тоҷикистонии Институти Ҷомеаи Кушод – Бунёди Мадад, Дафтари кластерии ЮНЕСКО дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва намояндагии «Интернюс Нетуорк» дар Тоҷикистон созмон дода шуда, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, вакилони парлумон, рӯзноманигорон, кормандони мақомоти додгоҳ ва додситонӣ ва коршиносони байнулмилалӣ аз Қазоқистону Бритониё ширкат варзиданд.

            Дар семинар масоили рушду такмили қонунгузорӣ дар соҳаи дастрасӣ ба иттилоот, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, масъулияти ҳуқуқӣ барои вайрон кардани қоидаҳои он ва нақши иттилоот дар ҷомеаи имрӯза мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

            Бо натиҷагирӣ аз кори семинар роҷеъ ба беҳбуди вазъи дастрасии аҳолӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон як силсила тавсияҳо таҳия гардид, ки ба ҳкумати ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад шуд.