Душанбе. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Панҷ донишҷӯи тоҷики макотиби олии Қоҳира ба ватан истирдод мешаванд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев хабар дод, ҳукуматдорони Миср барои он чунин тасмим гирифтаанд, ки донишҷӯёни тоҷик тартиботи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрви Мисрро риоя накардаанд.
Ёдрас мекунем, ки шаби 26 ба 27-уми май пулиси Миср ҷиҳати тафтиши риояи тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ санҷиш гузаронида, зиёда аз 150 нафар шаҳрванди хориҷиро боздошт намуд, ки дар байни онҳо 15 нафар донишҷӯёни тоҷик низ ҳузур доштанд. Мувофиқи маълумоти ВКХ ҶТ, 6 нафари онҳо рӯзи 27-ум ва боз чор нафари дигар рӯзи 30-юми май раҳо гардида буданд.
Ба гуфтаи Д.Назриев, имрӯз ба Вазорати корҳои хориҷӣ мактуби ҳукуматдорони Миср расидааст, ки дар он гуфта мешавад,
ҳуҷҷатҳои панҷ нафари боқимонда ноқисиҳо дошта, ду нафар донишҷӯи тоҷик ҳатто дар консулгарии сафорат сабт нагардидаанд. «Донишҷӯён мустақилона ба Миср баҳри таҳсил рафта буданд ва аз ин рӯ, аз ҳисоби худашон ба ватан истирдод мегарданд», - афзуд ӯ.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста