Пагоҳ, 22-юми ноябри соли 2011, дар додгоҳи вилояти Хатлон парвандаи ду халабони маҳкумшуда – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко, ки аз ҷониби додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба 8,5 соли зиндон ҳар кадоме маҳкум шуданд, бознигарӣ мешавад.

Тавре адвокати маҳкумшудагон Ғулом Бобоев хабар дод, имрӯз ба ҷониби ҳимоя ва маҳкумшудагон мактубе расидааст, ки дар он аз дар санаи 22-юми ноябр, соати 9:00-и субҳ бознигарӣ шудани парванда хабар дода мешавад. Парванда дар асоси шикояти кассатсионии маҳкумшудагон ва эътирози мақомоти додситонии вилояти Хатлон бознигарӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод.