Санаи 2-юми ноябри соли равон аз соати 00:00 то соати 07:00-дақиқаи субҳ аз ҷониби таҷҳизотҳои банаворгирии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» 7187 далелҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ сабт карда шуда, нисбати қоидавайронкунандагон маводҳои лозимӣ тартиб дода шуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ЧТ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки айни ҳол бештар қоидавайронкуниҳо ин ҳаракат дар чароғаки сурх, сабқати нодуруст, таваққуф дар ҷойи мамнуъшуда, ба самти муқобили роҳ баромадани ронандаҳо ба чашм мерасанд.
Лозим баёдоварист аст, ки Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» аз беҳтарин дастовардҳои техникие мебошад, ки таҷҳизоти наворбардории он пуриқтидор буда, сифати наворҳои он баланду тоза мебошанд ва тавассути он метавон шахсияти қоидавайронкунанда ё ҷинояткорро бе душворӣ муайян намуд.
Ин дастоварди техникӣ ҳамчунин ба шаффофияти фаъолияти нозирони роҳ ва масъуляитнокии онҳо таъсири ҷиддӣ расонида, ҳар як ҳолати қоидавайронкунӣ сабт гардида, ҳолатҳои баҳсбарангез бо ронандагоне, ки гуноҳи худро инкор менамоянд, бартараф мегардад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки техникаву таҷҳизоти муосир, мутахассисони варзидаи соҳаи техникӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази зикргардида дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии вайронкунии қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд.




Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста