Корманди филиали Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи шаҳри Маскав Луъбат Носирова ба содир намудани ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, шаҳрванд Бахриддинова ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намуда, зикр кардааст, ки корманди филиали Донишгоҳи мазкур бо номи “Луъбат” бо истифода аз мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ба боварии ӯ даромада, барои додани дипломи Донишгоҳи мазкур, ки шаҳрванд Бахриддинова дар он ҷо муддати 5 сол таҳсил намудааст, маблағи 1500 доллари амрикоӣ талаб намуда истодааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ тафтишотӣ нимаи рӯзи 19-уми август менеҷери кор бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи шаҳри Маскав дар шаҳри Душанбе Нодирова Любат Шарифовнаи 53-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми гирифтани маблағи 1500 доллари амрикоӣ дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, дастгир карда шуда, аз ӯ далелҳои шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати Нодирова Любат Шарифовна парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “Б” КҶ ҶТ (Қаллобӣ) оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.