Дар Литва як занеро дарёфт кардаанд, ки 554 автомобилҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистонро ба номи худ сабт кардааст.
Бино ба маълумоти хабаргузории «Делфи»-и Литва , ҳамаи автомобилҳои ба номи ӯ сабтшуда ба сокинони Осиёи Марказӣ тааллуқ дошта, ба гуфтаи худи зан, ӯ маъмулан автомашинаҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистонро, ки тез-тез ба бозори Мариямпол меомадаанд, ба номи худ ба қайд мегирифтааст ва барои анҷоми расмиёти сабти автомобилҳои бегона ба номи худ, ба ӯдар ширкати давлатии Regitra 72 евро (250 лит) маблағ пардохт мекардаанд.
Гуфта мешавад, даромади зан аз ин тиҷорат хеле хуб ба роҳ монда шуда, мақомоти пулис ошкор кардаанд, ки ӯ ин автомобилҳоро тариқи ширкати махсуси барои ин мақсад таъсисдодашуд ба қайд мегирифтааст.
Зимнан зикр мегардад, ки ба «соҳибкорзан» мутобиқи моддаҳои қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада ва дидаву дониста баёноти бардурӯғ додан бо мақсади дастрас намудани ҳуҷҷатҳо айбнома пешниҳод шудаааст. Суд ӯро гунаҳкор эътироф карда, 3760 евро ҷарима бастааст. Ин маблағро зан бояд дар муддати ним сол пардохт намояд.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста