Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати омӯзгоре, ки толибилмро мавриди лату кӯб қарор дод, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита иттилоъ дод, парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддахои 174 (Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ) ва 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон огоз гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11 октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд , ки дар он барои аз дарс дер мондан омӯзгор толибилмро лату кӯб мекунад.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин муаллим Асламшо Султоншоев, омӯзгори фанни риёзиёти Мактаб-интернати ҷуҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов дар Душанбе мебошад. Ӯ ҳамчунин роҳбари синфи толибилм Муҳаммадҷон Сулаймонови мавриди латукӯб қароргирифта низ будааст. Ин навори видео моҳи апрели соли равон сабт шудааст. Айни замон Муҳаммадҷон дар Омӯзишгоҳи Душанбе таҳсил дошта, ба балоғат расидааст.
Дар ҳамин ҳол, худи Асламшо Султоншоев ба Радиои Озодӣ дар мавриди ин қазия гуфтааст, ин рафтораш барқасдона ва аз сари ғазаб набуда, танҳо хостааст шогирди дарсгурезашро танбеҳ диҳад.
«Чаҳор рӯз пайиҳам Муҳаммадҷон Сулаймонов аз дарсҳо мегурехт. Ман роҳбари синфи ӯ будам, кӯшиш мекардам, ки шогирдони ман хонандаи боодоб бошанд, аз дарсҳо нагурезанд. Вақте чанд бор барои дарсгурезияш огаҳӣ додам, гӯш накард», - изҳор намудааст ӯ ба Радиои Озодӣ.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста