Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Давлатбек Шодиев, муовини раиси ҷамоати Чортеппаи ҳамин ноҳия Ҷумъа Мардонов, коргузор Аҳлиддин Баҳриев, заминсоз Фаридун Норов ва капитани милитсияи маҳаллӣ Азиз Файзов аз ҷониби Агентии зиддифасод ба қаллобӣ гумонбар дониста мешаванд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, онҳо ба боварии сокини маҳаллӣ Диловар Маҳмудов даромада, барои ҷудо кардани 3 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ дар маҷмӯъ 72 ҳазор сомонӣ пора гирифтаанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Қобили зикр мушкилоти ҷудо кардани қитъаҳои замин дар ноҳияи Рӯдакӣ аллакай солҳои зиёдест, ки мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи октяри соли 2017 дар ин робита изҳор намуда буд, ки тӯли 20 соли охир қариб 2,5 ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзии ноҳия аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат зикр карда буд, ки аз ҷониби ситоди Прокуратураи генералӣ оид ба 960 ҳолати хариду фурӯши замин ба маблағи 45 миллион сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, умуман, дар ду солу нуҳ моҳи охир нисбат ба 608 нафар бо зиёда аз 1500 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.
«Заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфта, бадтар аз ҳама, заминҳои ҳосилхези таъиноти кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ фурӯхта мешаванд, ки дар натиҷа тайи се соли охир 58 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрдааст, зеро заминҳои онҳо пурра фурӯхта шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ безамин мондаанд», - таъкид дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста