Дар амалиёти навбатии “Корд”, ки аз 8-ум то 29-уми март дар ҳамаи манотиқи пойтахт ҷараён гирифт, 12 нафар боздошт гардида, аз онҳо қариб 30 адад силоҳҳои сард дарёфту мусодира шуд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, нисбат ба нафарони дастгиршуда чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, ҳабси маъмурӣ, нисбат ба волидайни ноболиғон протокол бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ва ҷаримаҳо татбиқ карда шуданд.
Аз ҷумла, дар рафти амалиёт аз истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Икром Менглиеви 29-сола 2 адад корд, 2 бита, 3 кастет, 2 нунчакӣ, 1 дубинкаи оҳанин ва 1 ниқоби сиёҳ, инчунин аз Сурайё Раҳимова, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе 8 адад корд дарёфт ва мусодира карда шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе изҳор медорад, ки баргузории амалиёти шартии “Корд” дар ҳудуди пойтахт идома ёфта, милитсияи пойтахт то ба пуррагӣ аз ҷомеа решакан кардани ин омили номатлуб мубориза мебарад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста