Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Орзу Исоев мавзуи талаботи қонун нисбати шакл ва мазмуни санади маъмурӣ ба баҳс кашиданд.
Фишурдаи ин суҳбатро дар шакли хаттӣ пешниҳоди шумо мекунем:
Санади маъмурӣ дар кадом шакл қабул карда мешавад?
- Мувофиқи талаботи моддаи 13 Кодекси расмиёти маъмурӣ, санади ҳуқуқии маъмурӣ дар шакли хаттӣ қабул мегардад. Инчунин дар Кодекси расмиёти маъмурӣ ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо мақомоти маъмурӣ метавонад, ки санади маъмуриро дар шакли шифоҳӣ қабул намояд. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ки ба амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ, ҳаёти одамон хатар таҳдид менамояд санади маъмурӣ метавонад дар шакли шифоҳӣ қабул гардад. Бо талаби тарафи манфиатдор, инчунин дар ҳолатҳое, ки санади маъмурӣ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсро маҳдуд месозад, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, санади маъмурии шифоҳӣ дар давоми 3 рӯзи баъди қабул шуданаш бояд дар шакли хаттӣ қабул карда шавад.
Дар санади маъмурӣ кадом реквизитҳо дарҷ карда мешаванд?
- Мувофиқи талаботи моддаи 14 Кодекси расмиёти маъмурӣ ҳар як санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд реквизитҳои зеринро дар бар гирад:
-номи санади ҳуқуқии маъмурӣ;
-номи мақомоте, ки санади ҳуқуқии маъмурӣро қабул кардааст;
-сарлавҳаи санади ҳуқуқии маъмурӣ;
-ному насаб, номи падар ва имзои шахси мансабдори ваколатдор, ки бо мӯҳри нишондори мақомоти маъмурӣ ё шахси мансабдор тасдиқ карда шудааст;
-вақт ва маҳалли қабул;
-рақами бақайдгирие, ки мақомоти санади ҳуқуқии маъмурӣро қабулкарда додааст.
Дар санади маъмурие, ки қонеъ гардонидани дархости аризадиҳандаро рад мекунад, бояд мақомоте, ки ба он аз болои санади ҳуқуқии маъмурӣ шикоят кардан мумкин аст, суроғаи он ва муҳлати пешниҳоди шикоят (ё даъво) нишон дода шаванд.
Мӯҳлати қабул намудани санади маъмурӣ дар қонун муқаррар карда шудааст ё не?
- Мӯҳлатҳои қабули санади маъмурӣ дар моддаи 50 Кодекси расмиёти маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Чун қоида, мақомоти маъмурӣ дар муҳлати як моҳ баъди пешниҳоди аризаи маъмурӣ санади маъмуриро қабул менамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Санади маъмурие, ки ба манфиати шахсони сеюм дахл намекунад, бояд дар давоми 15 рӯзи баъди пешниҳоди аризаи маъмурӣ қабул карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Зимнан, ёдрас мешавем, ки агар дар қонунҳои соҳави мӯҳлатҳои дигари қабули санади маъмурӣ пешбинӣ шуда бошанд, пас мӯҳлатҳои пешбин намудаи қонунҳои номбурда татбиқ карда мешаванд.
Мӯҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ ду моҳ мебошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Муҳлати умумии қабули санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ набояд аз 3 моҳ зиёд бошад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста