Ҳамин ҳафта дар ҷараёни амалиёти “Корд” дар Душанбе ду фурӯшандаи силоҳи сард боздошт ва як нафари дигар барои бо худ доштани корд боздошт шуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз боздоштшудагон 10 корд ва 10 кастет дарёфту мусодира шудааст.
“Аз ҷумла дар бозори “Панҷшер” Хушназар Расулови 34-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шудааст, ки дар мағозааш 10 кастети гуногунҳаҷм дарёфт шуд, - омадаааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар бозори “Ганҷина” Неъматулло Додобоеви 45-сола боздошт шудааст, ки ба фурӯши кордҳо машғул будаастю Аз мағозаи ӯ 10 корди навъҳои гуногун мусодира шудааст.
Ба иттилои манбаъ, нисбати боздоштшудагон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме аз онҳо ба маблағи 320 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Кормандони милитсия ҳамчунин сокини Бохтар Юрий Ленивихро, ки мусаллаҳ бо корд дар кӯчаҳои пойтахт сайругашт мекард, низ боздошт намудаанд.
“Нисбати ӯ низ санди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бар асоси қарори суд ӯ ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс шуд”, - гуфтанд дар Раёсат.
Қобили зикр аст, ки амалиёти “Корд” муддати чор сол инҷониб барои ошкор ва мусодира намудани яроқи сард, аз қабили корду кастет, электршокер ва ғайра аз аҳолӣ, бахусус ҷавонон роҳандозӣ шудааст.
Амалиёт бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва содир гардидани ҷиноятҳо байни ҷавонон бо истифода аз силоҳи сард гузаронида мешавад.
Дар ин маводи мо дар бораи чӣ гуна тайёр кардани кордҳо, манъи фурӯши кадом навъҳои он ва ҷазои пешбинишуда барои касоне, ки бо яроқи сард гаштугузор мекунанд, маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.





Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста