Дар Русия синни болоии даъват ба артиш аз 27 то ба 30-солагӣ тағйир дода шуд. Тибқи тағйироти нав минбаъд ҷавонони аз 18 то 30-сола ба артиши Русия даъват мешаванд. Дар ин бора хабаргузории Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, кумитаи дахлдори Думаи давлатӣ дар Русия ин тағйиротро пазируфтааст.
Раиси кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Картаполов гуфтааст, сини поёнии даъват ба артиши ин кишвар то ба 21-солагӣ боло бурда намешавад.
“Тағйири асосӣ ин аст, ки синни болоии даъват иваз шуд. Сини поёнии даъват дар 18-солагӣ боқӣ монд, чун ҷавонони бисёре мехоҳанд, хидмат кунанд”, - изҳор доштааст Картаполов.
Ба гуфтаи ӯ, меъёрҳои нави даъват ба артиши Русия аз соли 2024 ба иҷро медароянд.
Қаблан раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Картаполов гуфта буд, ки эҳтимол дар мавсими даъвати баҳории соли 2023 шаҳрвандони то 30-солаи ин кишвар ба артиш ҷалб шаванд.
Бояд гуфт, шумори тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, сол то сол меафзояд: аз рӯи иттилои дастрас, дар як рӯз дастикам 400 нафар тоҷикон шаҳрвандии ин кишварро ба даст меоранд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз даргириҳо миёни Русия ва Украина тоҷикистониёнеро ки шаҳрвандии Русияро доранд, маҷбуран ба ин муноқиша мефиристанд. Тақдири тоҷикистониёне, ки душаҳрвандӣ доранд, то ба ҳол норӯшан аст.





Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста