Бар зидди котиби маҷлиси судии Додгоҳи вилояти Хатлон ва ёрдамчии раиси суди мазкур, барои гирифтани 160 ҳазор сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии Оҷонсии зиддифасод хабар нашр кард.
Ба иттилои ин ниҳод С.М., котиби маҷлиси судии Додгоҳи вилояти Хатлон ва бо ёрдамчии раиси ҳамин суд А.А. бо маслиҳати пешакӣ, ба боварии шаҳрванд Х.Ю. даромада, аз номбурда барои аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудани бародараш, ки бо ҳукми додгоҳ барои содир намудани ҷинояти вазнин аз озодӣ маҳрум гашта будааст, 160 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.
Айни ҳол нисбати ин ду корманди Додгоҳи вилояти Хатлон бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ парванда ифтитоҳ шуда, пас аз тафтиш ба додгоҳ пешниҳод шудааст.
Ин банди қонунгузорӣ ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 105 ҳазору 120 то 157 ҳазору 680 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он, ҷазо пешбинӣ мекунад.
Бояд гуфт, ин аввалин ҳолати боздошти корманди додгоҳ дар соли ҷорӣ нест. Аз аввали сол се додрас барои паст задани шаъну эътибори касбӣ аз вазифа озод гардиданд.
Дар се соли охир бошад, 14 додрас “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод шудаанд.
Дар бораи омилҳои боздошту аз вазифа сабукдӯш кардани додрасҳо дар ин пайванд маълумоти бештар пайдо кунед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста