Дар зарфи 6 моҳи соли 2024 додситонӣ (прокуратура)-и гарнизони Кӯлоб мутобиқи моддаи 391, қ. 1 Кодекси ҷиноии ҶТ (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият) нисбати кормандони комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои ин минтақа 3 парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ додситон (прокурор)-и гарнизони ҳарбии шаҳри Кӯлоб Фирӯз Раҷабзода хабар дод.
Аз ҷумла, парвандаҳо нисбати прапоршики комисарриати ҳарбии ноҳияи Данғара Фирӯз Яқубов, сардори шуъбаи сеюми комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик капитан Аҳлиддин Асомаддинов ва сардори шуъбаи чоруми комисариати ҳарбии ноҳияи Восеъ майор С.Давлатов боз шудаанд.
Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 250 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.
Дар робита ба қазияи Зоҳир Муминзода, собиқ раиси додгоҳ (суд)-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин додситони гарнизон изҳор дошт, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ ба Додситонии кулл (Прокуратураи генералӣ) фиристода шуданд.
“Ин парвандаро мо наметавонем баррасӣ кунем, он ба салоҳияти Додситонии кулли ҷумҳурӣ дохил мешавад”, - илова кард ӯ.
Муовини додситони вилояти Хатлон, додситони минтақаи Кӯлоб Ҳамзаалӣ Музофирзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар зарфи ним сол нисбати шахсони мансабдор 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
“Миёни онҳо парвандаҳо нисбати Дӯстӣ Хӯҷамадзода, раиси ҷамоати Гулшан ва Сафар Алиев, раиси ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Фархор ҳастанд, ки бо моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) айбдор карда мешаванд. Баррасии ин парвандаҳо ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба баррасии додгоҳ дода мешаванд”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин, ба қавли ӯ, нисбат ба меъмори ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ ва боз 4 мансабдори дигари шаҳру навоҳии минтақа парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Аммо дар бораи бо кадом моддаҳо айбдор шудани онҳо Музофирзода маълумот надод.
Зикр шуд, ки дар нимсолаи аввал дар додситонҳои минтақа ва шаҳру навоҳии Кӯлоб ба сурати умум 18 парвандаи ҷиноятӣ оғз гардидааст, ки 4-тоашон ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ марбутанд.
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста