Дар зарфи 6 моҳи аввали соли 2024 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 1267 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодиро ошкор карда, нисбати 694 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин бора имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентӣ Сулаймон Султонзода хабар дод.
Аз ҳама бештар ҳолатҳои коррупсия - 151 ҷиноят дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ошкор шудааст. Ба гуфтаи Султонзода, миёни фасодзадатарин сохторҳо ҳамчунин соҳаҳои маорифу илм - 100 ҷиноят, шабакаҳои тақсимоти барқ - 80, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 73, мудофиа - 70, бахши идоракунии замин ва бақайдгири амволи ғайриманқул - 54, кишоварзӣ - 50 ва соҳаи бонкдорӣ - 35 ҷиноят қарор гирифтаанд.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои 6 моҳи соли 2023 дар садри фасодзадатарин сохторҳо бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ (142 ҷиноят), мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ (123 ҷиноят), сохторҳои идоракунии замин ва бақайдгири амволи ғайриманқул (107), соҳаҳои маорифи илм (116), тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (70) ва дигар сохторҳо қарор доштанд.
Соли 2022 аз лиҳози ошкор шудани ҷиноятҳои корррупсионӣ мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, инчунин сохторҳои маорифу тандурустӣ ва соҳаи идоракунии замин дар зинаҳои аввал ҷойгир шуда буданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 Агентии зиддифасоди Тоҷикистон ба сурати умум 258 санҷиши молиявӣ гузаронида, дар натиҷа ба маблағи 251,1 млн сомонӣ зарар ошкор шудааст. Аз ин маблағ 240,5 млн сомонӣ ба нафъи давлат барқарор карда шудааст.
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста