Дар шаш моҳи соли 2024 дар комиссариат ва қисмҳои ҳарбии кишвар 423 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 адад кам (2023-427) мебошад. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони ҳарбии Тоҷикистон хабар дод.

Номбурда рӯзи 9-уми август дар нишасти матбуотии Додситонии кул гуфт, дар ин давра бо ширкати хидматчиёни ҳарбӣ, яъне афсарону сарбозон ё кормандони комиссариатҳо 160 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2023 49 адад кам мебошад.

Ӯ шарҳ дод, ки ҷиноятҳое, ки дар қисми ҳарбӣ содир мешаванд, ба ду навъ – ҷиноятҳое, ки бевосита бо иштироки низомиён рух медиҳад ва ҷиноятҳое, ки дар ҳудуди қисмҳои низомӣ ё комиссариатҳои ҳарбӣ рух дода, дар он ғайринизомиён низ даст доранд.

“Ҷиноятҳои умумӣ 263 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 45 адад зиёд мебошад”, - гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.

Ӯ ба суоли ботакрори журналисти “Азия-Плюс” дар бораи он ки дар пайи ин ҷиноятҳо чанд нафар ҷазо гирифтааст, посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, “албатта ҷазо гирифтанд ва дар шакли корӣ ба Прокуратураи ҳарбӣ муроҷиат кунед, пешниҳод мекунем”.

Сабти беш аз 420 ҷиноят дар ним сол дар бахши мудофиа дар ҳолест, ки ба иттилои Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон соли гузашта дар натиҷаи латукӯби сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ ё меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва ё ба ибораи мақомот, “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиëни ҳарбӣ” 109 сарбоз ҷароҳат бардошта, 2 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҳабибулло Воҳидзода
Акс аз сомонаи Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ин ниҳод дар гузориши худ навишт, ки соли 2023 дар қисмҳои ҳарбӣ 1 ҳазору 90 нафар вайронкунандаи интизомро ба қайд гирифта”, нисбати 105 хизматчии ҳарбӣ 95 парвандаи ҷиноятӣ барои меҳтарсолорӣ ё “вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиëни ҳарбӣ” оғоз гардидааст. Аз ин 89 парванда ба суд ирсол шуда, 6 парванда дар ҳоли тафтиш аст.

“Дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиëни ҳарбӣ 109 нафар сарбоз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 2 нафари онҳо бинобар бардоштани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар гузориши ин ниҳод.

Омбудсмен гуфтааст, ки сабабҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ “дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани интизоми ҳарбӣ, сатҳи пасти донишҳои ҳуқуқӣ, набудани назорати доимӣ аз болои зертобеон, надонистани талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва қонунгузорӣ” мебошад.

Ин ниҳод гуфтааст, соли гузашта 40 сарбоз дар қисмҳои ҳарбӣ ба ҳалокат расидаанд, ки аз ин 8 нафар худкушӣ кардаанд.

Дар гузориши Омбудсмен омадааст, аз натиҷаи санҷиши ҳодисаҳои вафоти сарбозон дар 12 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 9 парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуда, тафтишоти пешакӣ нисбати 3 парванда идома дорад. Онҳо нагуфтаанд, ки барои марги сарбозон кӣ ва чӣ ҷазо гирифтааст.

Вале гуфтаанд, ки яке аз сабабу омили фавти хизматчиëни ҳарбӣ ин саривақт мавриди муоинаю табобат қарор надодани сарбозон мебошад. Масалан, дар соли 2023 6 ҳолати фавти хизматчиëни ҳарбӣ аз беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.

Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон дар ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед: “Квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ чӣ гуна ҷудо мешавад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.