Як сокини Мастчоҳ барои тарғиби ғояҳои ташкилоти террористии ДОИШ* ва иштирок дар фаъолияти он айбдор гардида, ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар телеграм-канали худ иттилоъ медиҳад, ки Рустам Мирзоев, сокини 45-солаи шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан аъзои ташкилоти террористии ДОИШ гардида, тавассути саҳифаҳои интернетии худ амалу рафтори аъзоёни онро ҷонибдорӣ ва паҳн мекардааст.
Аммо гуфта намешавад, ки Рустам Мирзоев кай ва дар чӣ шароите боздошт гардидааст.
Танҳо зикр мегардад, ки ӯ барои содир кардани ҷинояти хусусияти террористидошта айбдор шуда, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.
Назари маҳкумшуда ва наздикону вакили дифоаш маълум нест.
Бояд гуфт, қаблан Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар шаш моҳи соли 2024 дар кишвар 226 аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дастгир гардида, 220 нафар дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ихтиёран ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд. Ҳамчунин, дар натиҷаи доир кардани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар умум 1 ҳазору 589 аъзои равия ва созмону ташкилоти террористӣ ва иштирокчиёни амалиёти мусаллаҳона аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд.
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста