Мақомоти сарҳадии Тоҷикистон мегӯянд, аввалин бор бо истифода аз паҳпод ё бесарнишинҳои сохти ватанӣ як гурӯҳи қочоқбар аз Афғонистонро ошкору нобуд кардаанд. Дар пайи амалиёти мазкур ду қочоқбар безарар ва 116 баста маводи мухаддир дарёфту мусодира шудааст.

Дар бораи ин амалиёт дар гузориши Телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми ноябр нашр шудааст, хабар дода мешавад.  

Дар гузориш зикр шудааст, ки аз ҷониби хизматчиёни Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон далели убури ғайриқонунии гуруҳи 7 нафараи қочоқбарон аз Афғонистон  ба марзи Тоҷикистон ошкор ва пешгирӣ карда шудааст.

Ба иттилои расмӣ, шаби 20-уми ноябр соати 22:50 дақиқа дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ “самти ҳаракати қочоқбарон назорат шуда бо истифода аз бесарнишинҳои истеҳсоли ватанӣ қочоқбарони афғонистонӣ безарар карда шуданд”.

Мақомот субҳи 21-уми ноябр дар ҷойи ҳодиса ҷасади ду тан аз қочоқбарон, Шероғо валади Аввалмир, тахминан 30-сола ва Ҷумъагул валади Ҳаким, тахминан 25-сола, зода ва сокинони ноҳияи Дарқади вилояти Тахори Афғонистонро пайдо кардаанд.

Ҳамчунин дар 5 борхалта 116 бастаи маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира шудааст.

 

Намогирифт аз гузориши ТВ "Тоҷикистон"

КДАМ гуфтааст, ки “дар таҷрибаи мақомоти сарҳадии кишвар амалиёти тарҳрезишуда бо истифода аз дастгоҳҳои бесарнишини ватанӣ”, ки аз ҷониби мутахассисони кишвар идора мешудааст” нахустин бор корбурд шудааст.

Дар ин гузориш дар хусуси панҷ нафари дигар аз қочоқбарон  маълумот дода нашудааст.  Онҳо боздошт шудаанд ё фирор кардаанд, маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки тобистони имсол низ сарҳадбонони тоҷик дар марз бо Афғонистон боз як “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб”-ро даргир карда, дар натиҷа ду танро нобуд буданд. Зимни амалиёти боздошт қочоқбарони афғонистонӣ ба амри кормандони амниятӣ итоат накарда, аз силоҳи оташфишон тир кушоданд. Дар натиҷа саркардаи ин гурӯҳ Азархон валади Сайдумар ва аъзои гурӯҳ Азизи Розмуҳаммади тахминан 30 сола кушта шудаанд ва аъзои боқимондаи гурӯҳ ба самти Афғонистон фирор намуданд.

Ҳарчанд ин бори аввал аст, ки истифода аз паҳпод дар амалиёти мақомоти сарҳадбонии кишвар расонаӣ мешавад, аммо дар чанд соли охир дар гузоришҳои расонаҳои давлатӣ ва навороҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда аз чорабиниҳои мақомоти қудратии кишвар дар бораи паҳпод ва марказҳои омодакунии мутахассисон барои идораи паҳпод маълумот ироа мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.