Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Вазир оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зироаҳмад Муқбили Усмониро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар мубориза алайҳи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар минтақа ва Лоиҳаи Барномаи минтақавии мубориза алайҳи маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, ки аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноёт пешниҳод гардидааст, баррасӣ шудаанд.

Ба иттилои мнбаъ, дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффори Орзу ва Сардори Намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноёт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Жан Люк Лемайе низ ҳузур доштанд.