Дар паёми навбатии ҳамасолаи худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа ба сиёсати хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад намуд ва ин натанҳо ба муҳосираи эълоннашудаи роҳи оҳан ва баста шудани лӯлаи газ аз ҷониби Тошканд марбут хоҳад буд, балки ин ҷо дигар сабабҳо низ мавҷуданд, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат.
Ба андешаи ӯ, шикастҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон тайи 10 соли ахир баръало возеҳ шуданд.
«Бубинед, мо як қисмате аз қаламравамонро ба Чин гузашт кардем, Русия дар ин ҷо пойгоҳи низомӣ таъсис дод, ИМА қаламрави Тоҷикистонро ҳамчун роҳи транзитӣ истифода мекунад. Аммо кӣ кафолат дода метавонад, ки ин абарқудратон аз ин бештареро талаб нахоҳанд кард?», - суол медиҳад коршинос ва таъкид месозад, ки Маскав аллакай тамдиди муҳлати будубоши низомиёнаш ба мудддати 49 солро дорад.
«Куҷост кафолат, ки дигар Чин дубора даъвои гузашти қаламрав намекунад? ИМА нисбат ба минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ як қатор лоиҳаҳо дорад. Ҳамсоякишвари мо Ӯзбекистон мухолифи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» буда, Ислом Каримов баҳри дастгирии ҷомеаи байнулмилалӣ дар ин масъала кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Маълум шуд, ки истиқлолияти энергетикии моро Маскаву Вашингтон на он қадр хуш доранд. Изҳороти Медведеву Клинтонро дар ин хусус метавонед ба хотир оред», - таъкид кард вай.
Дар идома ӯ иброз дошт, ки умедҳои Тоҷикистон аз ҷаҳони ислом низ ҷомаи амал напӯшид. Кишварҳои сарватманди олами араб нишон доданд, ки онҳо ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва истиқлолияти энергетикии мо таваҷҷуҳе надоранд. «Танҳо амири Қатар сохтмони як масҷид бо арзиши 100 млн. доллари ИМА-ро ваъда дод», - гуфт ӯ.
Н.Давлат ҳамчунин таъкид кард, ки ду даҳсолаи давраи соҳибистиқлолии мо гувоҳи онанд, ки тамоми сиёсат, аз ҷумла сиёсати хориҷии мо тавассути озмоишҳои сершумор ва ба иштибоҳҳо роҳ додан роҳандозӣ мешавад ва аз ин рӯ, ҳама чиз барои мо ногаҳонӣ аст.
«Имрӯз худи ҳаёт ба мо дубора бозбинии сиёсати хориҷии бисёрсамта ва муайян кардани вазифаҳои афзалиятнок дар ин соҳаро талқин месозад. Барои мо консепсияи нав ва кадрҳои соҳибтаҷрибаву корозмуда заруранд. Дар акси ҳол, ояндаи наздик истиқлолияти мо ба як расмияти зоҳирӣ табдил меёбад. Созмону иттиҳодҳое ба гунаи ИДМ, СААД, СҲШ ва ЕвразЭС ҳатто ба ҳалли муноқишаи миёни кишварҳои узвашон ва мушаххасан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон омода нестанд. Дар консепсияи нави сиёсати хориҷӣ дар баробари таҷрибаи андӯхта, ин ҳолатро низ мебояд ба эътибор гирифт», - афзуд коршинос.




Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста