Чанде қабл як ҳайати вакилони парлумони Аврупо таҳти сарварии Струан Стивенсон ба Душанбе ташриф овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни сафари чоррӯза вакилони парлумони Аврупо бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид хоҳанд кард. Ҳамчунин боздиди ҳайат аз нерӯгоҳи «Норак» ва майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар назар аст.

Ба андешаи коршиносон, вакили парлумони Аврупо Струан Стивенсон дар ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо нақши муҳим дорад. С.Стивенсон якчанд маротиба аз Тоҷикистон, аз ҷумла аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» боздид намудааст. Ӯ муаллифи як силсила мақолаву гузоришҳо оид ба дастгирии сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва манфиати он барои тамоми минтака Осиёи Марказӣ аст.