Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов қарори аз мансабҳои давлатӣ барканор кардани кормандони синнусоли нафақаро комилан нодуруст мешуморад.

Ба андешаи вай, дар масъалаи ба нафақа гусел кардан ба ҳар як шахс муносибати алоҳида мебояд дошт. «Масалан, дар бахши саноати кӯҳкориву сохтмон ва дигар соҳаҳое, ки қувваи ҷисмонии зиёдро талаб мекунанд, шахсро бо ифтихору қадрдонӣ мебояд ба нафақа гусел намуд, аммо гусели маҷбурии кормандони бахшҳои маорифу тандурустӣ ва илму фарҳанг ба нафақа камоли бемулоҳизагист, зеро ба ҳама гуна давлат таҷрибаи андӯхтаи онҳо гаронбаҳо шуморида мешавад», - гуфт ӯ.

Раиси ҲКТ зикр кард, ки дар ҳама гуна ҷомеаи солимфикр кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нафақахӯронро ба сифати мушовирон дар соҳаҳои фаъолиятдоштаашон истифода кунанд. «Тамоми кишварҳои шарқ бо шумули Тоҷикистон ҷомеаҳои анъанавӣ маҳсуб ёфта, дар ин гуна ҷомеаҳо маъмулан хирадмандии пиронсолон ҳамеша қадрдонӣ мешавад», - иброз дошт Шабдолов.

Номбурда Ҷопону Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Шарқро намунаи ибрат оварда, зикр намуд, ки дар ин кишварҳо сарони давлатҳову нахуствазирон ва аксари аъзои ҳукумат ҳамеша афроди пиронсолу таҷрибадидаанд ва онҳоро ба ин мансаб танҳо барои он интихобу таъин мекунанд, ки «дар ин синнусол барои онҳо ба истилоҳ «неъматҳои заминӣ» аз қабили дороиву пул, занон ва ғайра бегонаанд ва онҳо танҳо дар бораи чӣ гуна хотира гузоштан баъди умр аз худ андеша доранд».

Пешвои коммунистон таъкид кард, ки таҷрибаи давладории собиқи шӯравӣ дарси ибрати хубе боқӣ гузошт. «Нимаи солҳои 80-уми асри гузашта Михаил Горбачёви ҷавон сарварии давлати пуриқтидортарини сайёраро ба дӯш гирифта, камтаҷрибагӣ ва бемулоҳизагии ӯ ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ боис гардид. Бо сари қудрат омадан Горбачёв роҳбарони соҳибтаҷрибаи вазорату идораҳо ва ҷумҳуриҳои шӯравиро ба нафақа гусел намуд, ки ба оқибатҳои фоҷеабор дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оварда расонид», - мегӯяд Шодӣ Шабдолов.