Имрӯз раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов бо ҳайати Финландия таҳти сарварии вазири рушди байналмиллалии ин кишвар хонум Ҳейда  Ҳаутала мулоқот орост.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

А.Азимов гурӯҳи дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Финландияро сарварӣ мекунад. Ӯ меҳмононро бо сохтор ва фаъолияти рӯзмарраи палатаи поёнии парлумони ҶТ шинос намуда, таъкид дошт, ки «рушди ҳамкории ҷонибҳо дар бахши қонунофарӣ ба таҳкими муносибатҳои мутақобила дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмиву фарҳангӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт».

Дар навбати худ, Ҳейда  Ҳаутала зикр кардааст, ки Финландия дар рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Тоҷикистон манфиатдор буда, «вазъи кунунии ин муносибатҳо ҷонибҳоро қонеъ намесозад».