Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Ашту Спитамен боздид намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Ашт бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои нави беморхонаи марказии ҷамоати шаҳраки Шайдон, ки маркази маъмурии ин ноҳия аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, сохтмони ин биноҳо ҳанӯз соли 1983 оғоз ёфта, дар солҳои 90 уми асри гузашта бо сабабҳои маълум қатъ гардида буд. Идомаи сохтмони биноҳои нимсохт бо супориши сарвари давлат моҳи октябри соли 2010 бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт ва то имрӯз бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ барои баҳрабардорӣ омода гардидааст. Аз он 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ барои хариди дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ масраф шудааст. Беморхона дорои 150 кат буда, ду бинои он сеошёна ва боқимонда биноҳо аз ду ошёна иборат мебошанд. Дар беморхонаи нав беш аз 300 нафар кормандони соҳаи тиб ва хадамоти ёрирасон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар саҳни ҳавлии беморхонаи нави ноҳиявӣ дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаю башардӯстонаи президенти кишвар хатнасури 20 писарча аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъӣ ороста шуд. Сарвари давлат ин маросими фараҳбахшро ба аҳли байти ин дӯстрӯякон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла телевизору яхдон тақдим намуд.
Аз ноҳияи Ашт Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен омад. Дар ноҳияи Спитамен президенти кишвар нахуст ба интернати наздимактабӣ барои ятимону бепарасторон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзман ташриф оварда, аз ҳоли ин дӯстрӯякон хабар гирифт.
Аз ҷониби сарвари давлат ба ҳар тарбиятгирандаи интернат кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла либосҳои зимистона ва дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо 1000 сомонӣ пасандоз барои ояндаашон тақдим гардид.
Президенти кишвар бо рафти навсозии роҳҳои маркази ноҳияи Спитамен бевосита шинос шуд. Чунонки зикр гардид, то имрӯз аллакай 4 км навсозӣ шудааст ва тайи чанд рӯзи дигар боз 3 км дигар ҳам нав мешавад.
Дар маркази ноҳия бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маросими пардабардорӣ аз болои пайкараи чорметраи қаҳрамони таърихии миллати тоҷик Спитамен баргузор гардид. Дар деҳаи Саидқӯрғони ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои пахтаи хоҷагии деҳқонии Саидқурғон ташриф оварда, бо кори намунавии заҳматкашони он бевосита шинос шуд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста