Дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Ашқобод Барномаи байнидавлатии ҳадафноки «Эҳёи (рекултиватсияи) қаламрави кишварҳои аз истихроҷи уран осебдида» маъқул шуморида шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҳадафи аслии барномаи мазкур амалисозии лоиҳаи санҷишӣ оид ба эҳёи қаламрави наздик ду иншоот – яке дар Тоҷикистион (Табошар) ва дигарӣ дар Қирғизистон (Каҷи-Сой ва Мин-Қӯш) аст, ки сарчашмаи хатари имконпазири фаромарзии экологӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.

Ҳамчунин зимни ҷаласаи нахуствазирон дар Ашқобод, ки нахутсвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ ҳузур дошт, Консепсияи амнияти ҳастаӣ (ядроӣ) ва радиатсионии кишварҳои узхви ИДМ дар бахши истифодаи энергияи атомӣ бо мақсади осоишта низ тасдиқ карда шуд.

Дар ин санад усулҳои асосӣ ва роҳу воситаҳои ҳамкории мутақобила оид ба таъмини амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ ва ҳамчунин самтҳои афзалиятноки амалисозии он муайян карда шудаанд. Барои амалисозии ин консепсия соли оянда таҳияи Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа дар ин самт дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки шаҳри Табошар дар вилояти Суғд воқеъ буда, соли 2012 ба шаҳри Истиқлол табдили ном кард. Шаҳр дар паҳлӯи конҳои ғанӣ аз захираҳои маъдани нимаметаллӣ ҷойгир буда, ҳамчунин дар наздикиаш партовгоҳи маъданҳо воқеъ аст.