Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди иди миллии Федератсияи Русия - рӯзи қабули Декларатсия дар бораи истиқлолияти давлатӣ, ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии ҳақиқӣ аст, ки дар муносиботи сиёсати хориҷии стратегиикишвар ҳамеша мақоми аввалро касб мекунад.

«Мо ба ҳолати муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Русия, ки рушди бемайлони он ба  робитаҳои самимӣ ва мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунанд, баҳои баланд дода, ҳамкориҳои самарабахши мо дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар иттиҳодияҳои байналмилаливу минтақавӣ боз як намунаи шарикии созандаи Тоҷикистону Русия мебошанд», - баён мегардад дар барқия.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар барқия изҳори итминон мекунад, ки ҳарду кишвар метавонанд муносиботи худро бо ҳамкориҳои мустаҳкам, ки ҷавобгӯй ба манфиатҳои аслии ду давлат ва халқҳоянд, бо майлҳои мусбат пурратар созанд ва онҳоро ба дараҷаи  нави босифат бароранд. 

«Бо истифода аз фурсат, аз самими қалб  ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва комёбиҳоро барои ноил гардидан ба мақсадҳои оянда ҷиҳати шукуфоии Русияи Бузург, ба халқи бародари рус беҳбудӣ  ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам», - омадааст дар фарҷоми барқия.