Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури марҳуми Эрон дар муддати кутоҳе, ки дар садри раёсатҷумҳури Эрон фаъолият дошт, ду маротиба ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ зимни аввалин сафари худ, ки пас аз ба сардӣ гароидани равобити Тоҷикистону Эрон иттифоқ афтод ва корӣ буд, бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мулоқот кард ва гуфт, “фасли наве дар равобити иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии Теҳрону Душанбе оғоз шуд”.
Дар ҷараёни сафари дуюми худ дар тирамоҳи соли гузашта, ба таври қотеъ аз сиёсатгузории Тоҷикистон ҳимоят кард ва хеле самимӣ иброз дошт, ки “...ҳар гоме, ки дар ҷиҳати пешрафт дар кишвари Тоҷикистон бардошта мешавад, иззати ҳамаи мост”.
Пас аз ин сафар, дар равобити ду кишвар дигаргуниҳои зиёди мусбат рух дод ва эҳсос мегардад, ки ҳар ду ҷониб хостори тақвияти муносибат ҳастанд. Сафарҳои мансабдорони воломақоми ду кишвар ба давлатҳои ҳамдигар, баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон, истиқболи хоси ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи китоби Теҳрон аз талошҳои тақвияти равобити ду кишвар дарак медод.
Дар робита ба марги фоҷеабори Саидиброҳими Раисӣ мо аз Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик дар хусуси нақши раиси ҷумҳури марҳум дар тақвияти равобити Тоҷикистону Эрон ва дурнамои ин равобит пурсон шудем.
- Дар хуб шудани муносибатҳо миёни Тоҷикистону Эрон нақши Саидиброҳими Раисӣ то куҷо муассир буд?
- Албатта, барои ба ҳолати табиъӣ баргардондани муносибатҳои миёни Тоҷикистону Эрон то ба қудрат расидани Саидиброҳими Раисӣ ниҳодҳои марбута, махсусан вазоратҳои корҳои хориҷа ва сафоратҳои ҳар ду ҷониб талошҳои зиёде карданд. Аммо вижагии ахлоқии Саидиброҳими Раисӣ дар он буд, ки ба фарқ аз баъзе пешиниёни худ, гирифтори навъе аз эҳсоси худбузургбинӣ набуд ва умдатан бо ҳама, аз сарони кишварҳо гирифта то мардуми одӣ, муносиботи яксон ва гарму самимона дошт.
Ин омили шахсиятии раиси ҷумҳури марҳуми Эрон дар радифи ниёзҳои мутақобил ва талошҳои масъулони марбутаи Тоҷикистону Эрон ба раванди одисозии равобит мусоидат кард. Дар давраи раёсати ҷумҳурии Саидиброҳими Раисӣ ду кишвар муносибатҳои худро аз сафҳаи наву тоза оғоз ва бо таваҷҷуҳ ба мушкилоте, ки дар солҳои ахир ба миён омада буд, ба истилоҳ, қоидаи бозиро низ мушаххас карданд, ки риояи он зомину кафолати сар назадани ҳар гуна мушкил хоҳад буд.
Дар замони раёсати ҷумҳурии Саидиброҳими Раисӣ равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар беҳбуд ёфт (270 миллион доллар дар соли гузашта) ва заминаҳои нави ҳамкорӣ шакл гирифт, ки натиҷаҳои мусбати дарозмуддат хоҳад дошт. Тасмими лағви раводид барои шаҳрвандони ду кишвар, ки дар ояндаи начандон дур амалӣ хоҳад шуд, далели эътимод, иродаи қотеъ ва нигоҳи умедбахши раҳбарони Тоҷикистону Эрон ба ояндаи равобит аст.
- Дар сафари охирини худ ба Тоҷикистон, Саидиброҳими Раисӣ аз сиёстгузорӣ ва амнияти Тоҷикистон ба таври қотеъ ҳимоят кард. Ин паём ба кӣ буд?
- Ҳама суҳбатҳои гарму самимонаи раиси ҷумҳури марҳуми Эронро, ки дар моҳи ноябри соли гузашта ҳангоми сафари расмии худ ба Тоҷикистон баён карда буд, дар ёд дорем:
“Шояд баъзеҳо тавсеаи Тоҷикистонро написанданд, муҳим нест. Аммо мо ба унвони Ҷумҳурии Исломии Эрон муътақидем, ки пешрафти Тоҷикистон пешрафти мост, амнияти Тоҷикистон амнияти мост. Бовари мо ин аст, ҳар гоме, ки дар ҷиҳати пешрафт дар кишвари Тоҷикистон бардошта мешавад, иззати ҳамаи мост”.
Шояд бархеҳо ин гуфтаҳоро сирфан шиор пиндоранд, аммо дар сиёсати хориҷӣ, махсусан кишваре чун Эрон, ҳеч ҳарфе бе ҳадафу мақсуд зада намешавад ва мухотаби берунии худро дорад.
Зимнан дар паёми ҳамдардии раҳбари Тоҷикистон ба раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба саҳми Саидиброҳими Раисӣ дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон таъкид шудааст, ки қадрдонӣ аз заҳматҳои вай дар ин росто аст. Гузашта аз он танҳо раиси ҷумҳури минтақа, ки дар маросими худоҳофизӣ бо Саидиброҳими Раисӣ дар Теҳрон ҳузур ёфт, раҳбари Тоҷикистон буд, ки тасдиқи эҳтироми хос ба шахсияти марҳум ва инчунин ба кишвари дӯсту бародари Эрон аст.
- Даргузашти Раисӣ ба муносибати Тоҷикистону Эрон чӣ таъсир метавонад расонад?
- Бидуни шак, ҷон бохтани Саидиброҳими Раисӣ бар асари сонеҳаи ҳавоӣ барои Эрон талафоти бузург аст, ки ҳадди ақал дар кутоҳмуддат ба равобити Теҳрон бо кишварҳои дигар таъсири нисбӣ хоҳад гузошт. Зеро омодагӣ ба баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ, ташкили ҳукумати нав ва таъйини роҳбарони сатҳи кишварӣ ва минтақаӣ ба чанд моҳ ниёз дошта ва башхи зиёде аз масъулонро даргир хоҳад кард. Аммо набуди Саидиброҳими Раисӣ ба сиёсати хориҷии Эрон асари усулӣ нахоҳад дошт, зеро роҳбурдҳои калони хориҷии Теҳронро раҳбари олии ин кишвар таъйин мекунад, ки ахиран ҳам бар тағйирнопазир будани он таъкид дошт.
Агар мушахассан аз равобити Тоҷикистону Эрон суҳбат кунем, омили шахсиятии Саидиброҳими Раисӣ муҳим буд, илова бар он раиси ҷумҳури марҳуми Эрон аз ҷиноҳи усулгароён намояндагӣ мекард, ки барои он таъомулу ҳамкорӣ бо кишварҳои мусалмон, ҳамсоя ва минтақа аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.
Тоҷикистон ба далели пешинаи таърихӣ, забону фарҳанг ва ифтихороти муштарак дар сиёсати хориҷии Эрон аз ҷойгоҳи бартар бархурдор аст. Равобити наздик ва ҳусни эътимод бо Тоҷикистон ҳамзамон тазминкунандаи нигоҳи мусбати кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба Эрон аст, ки ин нуктаи муҳимро марҳилаи сардии муносибатҳои дуҷонибаи Теҳрону Душанбе собит кард. Зеро қабл аз он марҳила нақши шахсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ташвиқи ҳамтоёни худ дар минтақа барои ҳамкорӣ бо Эрон, ҳимоят аз барномаи сулҳомези ҳастаии он ва узвият дар Созмони ҳамкории Шонгҳой ғайри қобили инкор аст.
Бинобар ин, барқарории комили эътимоди мутақобили сиёсӣ ва бозгашт ба сатҳи қаблии равобит дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ, омӯзишӣ, фанноварӣ ва ғайра аз ниёзҳои рӯзи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.
- Киҳо метавонанд барои ҷойгузини Раисӣ шудан вориди корзори интихоботӣ шаванд?
- Саидиброҳими Раисӣ усулгаро буд ва ин эҳтимол қавист, ки раиси ҷумҳури нави Эрон ҳам аз усулгароён хоҳад буд, зеро дар ҳоли ҳозир ислоҳталабон, аз як сӯ, маҳбубияти қаблии худро аз даст додаанд ва аз сӯи дигар, дар фурсати камтар аз ду моҳе, ки барои интихобот боқӣ мондааст, имкони омодагии лозим барои рақобатро надоранд.
Муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон (иҷрокунандаи муваққатии вазифаи раиси ҷумҳур) Муҳаммади Мухбир, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси пешини Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Алии Лориҷонӣ, вазири пешини дифоъ ва раиси кунуни Бунёди мустаъзафони Эрон Ҳусейни Деҳқон, дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон Муҳсини Ризоӣ, дабири пешини Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом Саид Ҷалилӣ ва чанд чеҳраи матраҳи дигар метавонанд аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Эрон бошанд, ки дар 28-уми июни соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.
Ин эҳтимол қавист, ки дар сурати пирӯзии ҳар кадом аз номзадҳои эҳтимолии ёдшуда сиёсат ва роҳбурди “Нигоҳ ба Шарқ”-и Саидиброҳими Раисӣ, ки дар он кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, аз ҷойгоҳи муносибе бархурдор буданд, дунбол хоҳад шуд. Ин бадон маъност, ки равобити Эрону Тоҷикистон дар масири рушду тақвияти бештаре пеш хоҳад рафт.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста