Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби Эронро дар робита ба лағви раводид тариқи масири ҳавоӣ байни ду кишварро “бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл” ҷонибдорӣ кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ин ниҳод шарҳ додаааст, ки дар иртибот ба Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ, ки 8 ноябри соли 2023, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №1 ва тибқи қарори нави ҳайати вазирони Эрон, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон, ки шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ доранд, метавонанд бидуни раводид ба қаламрави якдигар тавассути роҳи ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба Эрон ва баръакс сафар намуда то 30 рӯз дар ҳар давраи 90 рӯз сафар намоянд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки бо истинод ба муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати воридшавии бераводиди шаҳрвандони Эрон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби эрониро бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл ҷонибдорӣ менамояд.
“Иқдоми мазкур танҳо тавассути роҳҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар амалӣ гардида, барои шаҳрвандоне, ки тавассути кишварҳои сеюм ва/ё нуқтаҳои убури сарҳади давлатии заминӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар менамоянд, раводиди дахлдор лозим аст”, - омадааст дар иттилоияи ВКХ Тоҷикистон.
Қоидаҳои нав шурӯъ аз 3 феврали соли 2025 ҷорӣ мегардад.
Эрон ду рӯз пеш дар робита ба бекор кардани низоми раводиди ҳавоӣ бо Тоҷикистон қарори дахлдор ба имзо расонида буд.
Ин ба маъно аст, ки акнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, ки тариқи масири ҳавоӣ ба ҳама шаҳрҳои якдигар сафар кунанд.
Қаблан, танҳо байни Теҳрону Душанбе ва баръакс ва онҳо ҳам тариқи хатсайри мустақим раводид лағв шуда буд.
Зимнан, рӯзи 16-уми январ Эмомалӣ Раҳмон дар як вохӯрие дар Душанбе гуфта буд, ки худаш аввалин шуда қарори бекор кардани раводид байни ду кишварро қабул кардааст ва “ҳоло шаҳрвандони Эрон метавонанд ҳар вақт ки хоҳанд, бо аҳли оилаашон ба Тоҷикистон сафар кунанд”.
Ҳамчунин, Масъуд Пизишкиён ҳам дар як мулоқоташ бо эрониёни муқими Тоҷикистон дар Душанбе он вақт мегуфт, қабл аз сафар ба Тоҷикистон низоми раводидро миёни ҳама шаҳрҳо бекор кардаанд.
Интизор меравад, ки бо афзоиши хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, имконоти бештари сафар барои шаҳрвандон фароҳам гардад. Ҳоло миёни Душанбе ва шаҳрҳои Теҳрону Машҳад парвозҳо анҷом дода мешаванд ва дар ояндаи наздик хатсайрҳои Душанбе – Кеш – Душанбе ва Душанбе – Шероз – Душанбе низ ба роҳ монда мешаванд.
Ҷузъиёти дигари сафари бидуни раводидро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон”. Инчунин, сабабу баҳонаҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эронро дар ин матлаб бихонед.





Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста