Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ ҷиҳати баррасии масоили хоҷагидории пойтахт таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки масъулини сохторҳои дахлдор доир гардид.
Бо инобати мубрамияти масъалаи зимистонгузаронӣ ва ҳар чӣ хубтар ташкил намудани хизматрасониҳо дар ин самт ва аз ҷониби сохторҳои масъули хизматрасон бояд корҳои нақшавӣ анҷом дода шавад, таваҷҷӯҳи ҳозирини ҷаласа бинобар шурӯъ шудани мавсим ба вазъи воқеӣ ва натиҷаҳои нахустини омодагиҳои суратгирифта нигаронида шуд.
Бо хулоса аз натиҷаи гузориши мудири шӯъбаи арзу шикоятҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳр
Ҷамшед Кабиров оид ба мӯҳтавои муроиҷатҳои воридшудаи шаҳрвандон дар ҳафтаи сипаригашта, ки аз 297 муроҷиат 240 адади он бобати камбуди интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ аз ҷониби зерсохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» дар шаҳри Душанбе ворид шудааст, аз самараи корҳои анҷомдодаи ин сохтори хизматрасон изҳори нигаронӣ кард.
Зикр гардид, ки бо вуҷуди ворид нашудани сардиҳои зимистон ҳамарӯза қатъшавии интиқоли барқ дар шаҳраку маҳаллаҳои алоҳидаи пойтахт тавре муроҷиатҳо шаҳодат медиҳанд, пайваста меафзояд ва дурнамои хизматрасонии ҶС «Шабакаҳои барқи Душанбе» ва иҷрои вазифаҳои таъинотии он дар фасли сармо норавшан мемонад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ислоҳи вазъ ва баланд бардоштани масъулияти хизматрасонию иҷрои вазифаҳои таъинотӣ аз ҷониби
ҶС «Шабакаҳои барқи Душанбе» ба раисони ноҳияҳои пойтахт дастур фармуд, ки барои таъмин накардани талаботҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ин сохтори зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба суд кашида шавад то зарари ба аҳолӣ расонидаро ҷуброн намоянд.
Дар ҷаласа, ҳамзамон таъкид рафт, ки Маркази истеҳсоли барқу гармии шаҳри Душанбе бинобар камбуди гази табиӣ ҳамагӣ ба миқдори 50%-и нақшаи пешбинишуда
феълан гармӣ истеҳсол мекунад, ки ҳолати мавҷуда дастрасии нақшавии иншооти бо оби гарм таъминшавандаро дар пойтахт коҳиш медиҳад. Корҳои таҷдиди дегхонаи «Ғарбӣ»-и Марказ оид ба гузаронидани фаъолияти он ба сӯзишвории моеии сунъии композитии ангиштӣ
шурӯъ гардида, истифодаи ҳар чӣ бештари он проблемаҳои биноҳои баландошёнаи ноҳияи Синоро ҳал хоҳад кард.
Бо дахли масоили бо гармӣ таъмин будани муассисаҳои зертобеи соҳаи маориф, тандурстӣ ва фарҳанг новобаста аз рақамҳои гӯёи ҳисоботии масъулин, дастур гардид, ки ҳолати воқеӣ аз ҷониби комиссияҳои депутатӣ бо иштироки масъулини вазоратҳои дахлдор дар мӯҳлати се рӯз санҷидашуда ба Раиси шаҳр ахборот пешниҳод карда шавад.
Дар ин бора котиби матуботии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.



Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста