Хол Ҳайдар, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати шаҳри Панҷакент аз кори ҳукумат дар бахшҳои вижа интиқоди сахт карда, баъзе аз масъулони ҳукуматро ба пешниҳоди маълумоти дурӯғ ва изофанависӣ гунаҳкор кардааст.
Дар ин ҷаласа, ки гуфта мешавад 13-уми январ баргузор шудааст, ҳамчунин муовини раиси вилояти Суғд аз як қатор гузоришҳои нодурусти ҳукумати шаҳри Панҷакент парда бардоштааст, ки чанде қабл пешниҳод шуда буданд.
Аз ҷумла, Хол Ҳайдар хотирнишон сохтааст, ки “дар коргоҳи “Маърифатпарвар” ҳам аз рӯи нақшаи ваъданамудаатон қариб 100 нафар бояд коргар қабул мекардед. Аммо накардед. Чаро ҷойҳои кории дурӯғин таъсис медиҳед? Киро фиреб мекунед? Фақат барои худнамоӣ бошад, даркор нест! Дар соҳаи саноат 45 нафар коргарони маошгир кам шудаанд”,– гуфтааст муовини аввали раиси вилояти Суғд.
Муҳаммадсодир Сафарзода, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент дар посух ба иҷро нашудани ваъдаи ҷойҳои кор гуфтааст, ки “КМ “Зарафшон” ҳар сол коргаронро ба нафақа ҷавоб медиҳад, вале ба ҷояшон коргар қабул намекунад”.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд, ҳамчунин дар бахши кишоварзӣ, аз кам захира кардани хошок, кишти нокифояи баъзе аз сабзавот, аз ҷумла сабзиву пиёз, изофанависӣ дар кишти картошка низ изҳори нигаронии ҷиддӣ намудааст.
Ӯ аз ҷумла дар бораи ошкор шудани 1385 га изофанависӣ дар кишти картошка аз тарафи мақомоти додситонӣ гуфтааст.
Хол Ҳайдар ҳамчунин аз фаъолияти гурӯҳи кории тарғиботӣ дар бахши самаранок истифода бурдани барқро ҳам нокифоя хондааст.
Ҷамъоварии сусти чанд намуди андоз, аз ҷумла андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз хоҷагиҳои кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар Панҷакент, дер пардохт намудани нафақаву маоши кормандони буҷавӣ, масъалаи қабули шаҳрвандон ва дигар мушкилот аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки муовини аввали раиси вилоят Хол Ҳайдар ба онҳо дахл намуд.
Масъулони ҳукумати Панҷакент дар ин маҷлис далелҳои худро ба муовини раиси вилоят гуфтаанд, вале гуфта мешавад, Хол Ҳайдар далелҳои пешниҳодиро нокофӣ донистааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Бе ноноварони хона зиндагӣ душвор аст”. Аз қазияи пурсарусадои “ҷанҷол бо милисаҳо дар Истаравшан” як сол гузашт.
Ҷаҳон ҳамлаи охири Исроил ба Рафаҳро маҳкум кард. Нетаняҳу онро “иштибоҳи ғамангез” унвон кард
“Самбӯсаи косагӣ”. Дар куҷо ва бо чӣ қимат метавон пайдо кард?
Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет”-и Шабакаи байналмилалии буҷетӣ беҳтар шудааст
“Ҳуҷҷату хона надорем, куҷо худро дар қайд гузорем?”. Боздошту ҷаримаи шахсони бесарпаноҳ дар Суғд
Султон Валиев - вакили пешини парлумону раиси Ховалингу Восеъ даргузашт
Владимир Путин гуфт, робита бо Толибон зарур аст
Матвиенко муовини сарвазири Тоҷикистонро ба Форуми авруосиёии занон ба Петербург даъват кард
Дар Душанбе намояндагии Хадамоти шиносномавӣ - раводидии ВКД Русия боз шуд. Ин ба муҳоҷирони кории тоҷик чӣ медиҳад?
Дар Тоҷикистон боз раъду барқу борони сел дар назар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста