Дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар марз бо Қирғизистон, дар мавзеи “Пули Офтобруӣ”, ки 10-километр дуртар аз маркази ин ҷамоат воқеъ аст, миёни марзбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ сар задааст.
Як манбаъ бидуни зикри ном аз ҷамоати Ворух дар суҳбат ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки задухӯрд пас аз вуруди марзбонони қирғиз ба қаламрави зери назорати марзбонони тоҷик оғоз шудааст.
«Сарҳадбонони қирғиз ба қаламрави мо гузаштанд, он ҷойро низомиёни мо посбонӣ мекунанд. Нахуст ба онҳо ҳушдор дода шуд, ки ин қаламравро тарк кунанд, аммо онҳо ба талаби низомиёни мо беэътиноӣ карданд», - гуфт манбаъ.
Манбаъ афзуд, миёни марзбонон аввал баҳси лафзӣ ба миён омад ва пасон ба тирпаронӣ кашида шуд.
Як манбаъ дар мақомоти шаҳри Исфара ба "Азия-Плюс" захмӣ шудани як марзбони тоҷикро таъйид кард ва гуфт, ки ӯ дар беморхона бистарӣ шудааст ва вазъи сиҳатияш муътадил гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол як манбаъи дигари “Азия-Плюс” гуфт, ба пизишкони бемористон дастур дода шудааст, ки ба қабули захмиён омода бошанд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои қирғизӣ аз вуҷуди захмиҳо аз ду тараф хабар медиҳанд.
То нашри ин хабар мо имкони тамос бо маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва маъмурияти шаҳрдории Исфараро пайдо накардем.
Ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро муттаҳам мекунад
Дар ҳамин ҳол, хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо нашри як баёния ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҳодиса муттаҳам кардааст.
«Ҳангоми адои хидмат дар мавзеи Булоқ-Боши вилояти Бодканд неруҳои марзбонии Қирғизистон ошкор кардаанд, ки марзбонони Тоҷикистон ғайриқонунӣ хатти марзро убур карда, ба қаламрави Қирғизистон гузаштаанд”, омадааст дар баёния.
Гуфта мешавад, гӯё марзбонони тоҷик ба огаҳии ҳамтоёни қирғизи худ беъэтиноӣ карда қаламрави Қирғизистонро тарк накарда, ба сӯи низомиёни қирғиз оташ кушоданд. Миёни марзбонони ду кишвар задухӯрд ба амал омад, ки дар ҷараёни он ҷониби Тоҷикистон аз миномёт истифода кардааст”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад бино ба маълумоти пешакӣ аз ҷониби Қирғизистон захмиён ё кушташудагон вуҷуд надорад.
Бояд, гуфт, ки ба далели номуайян будани хати марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон сари чанд вақт муноқишаҳоҳи хунин ба вуҷуд меоянд. Қаблан дар марзи ҷамоати Хистеварзи вилояти Суғд, миёни марзи Тоҷикистону Қирғизистон, рӯзи 12 апрел муноқиша сар зада буд, ки дар натиҷаи тирпапронӣ як марзбони 27-солаи тоҷик Зоир Сайдумаров кушта шуд.
Он замон низ ҷониби Қирғизистон марзбонони тоҷикро ба убури марз муттаҳам карда буд. Аммо нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар посух ба ин иддаои ҷониби ҳамсоя расман чизе нагуфт.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста