Дар машқгоҳи "Фахробод"-и вилояти Хатлон тамринҳои муштараки сулҳҷӯёнаи низомиёни кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад. Размоишҳо расман аз 20-уми октябр оғоз мешавад.
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар ин рӯзҳо, инчунин, машқҳои махсуси "Монеа-2025" бо ширкати ҷузъу томҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ, таъминоти тиббӣ ва машқҳои муштараки зиддитеррористии "Иттиҳоди зиддитеррористӣ — 2025" бо ширкати мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчиёни ИДМ мегузарад.
Ба иттилои манбаъ, машқи муштарак бо ширкати низомиёни Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад.
То ҳол низомиёни Қирғизистон ва Белорус вориди Тоҷикистон шуда, дар назар аст, то 19-уми октябр низомиёни Русия ва Қазоқистон ҳам ворид шаванд.
"...баҳри дар сатҳи баланд ташкилу роҳандозӣ намудани размоишҳои навбатии ҳарбӣ бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД аз ҷониби Вазорати мудофиаи кишвар дар машқгоҳи Фахробод шароити зарурӣ ба афсарону сарбозони иштирокчии машқҳо фароҳам оварда шудааст",-гуфтааст ин ниҳод.
Бояд гуфт, ки ин размоиш тибқи нақшаи СААД дар соли 2025 дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Соли гузашта тамринҳои муштарак таҳти унвони “Бародарии шикастнопазир-2024” дар Қазоқистон гузашта буд.
Ёдрас мешавем, ки соли 2024 дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” дар вилояти Хатлон тамринҳои муштараки низомиёни кишварҳои узви СААД таҳти унвони “Ҳудуд-2024” (Рубеж-2024) баргузор гардида буд. Дар ин тамринҳо без аз 1500 низомии кишварҳои аъзои ин созмон иштирок карданд.
Бояд гуфт, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) - созмони низомии зери нуфузи Маскав аст, ки ба ғайр аз Русия, кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд. Ин созмонро ҳамеша барои нотавонии пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд.




Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст
“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Ҷопон ба бахши энергетика ва гумруки Тоҷикистон қариб $8.8 млн кумак мекунад
Рустам Ятимов дар ҳафтгонаи гаронтарин дарвозабонҳои Осиё
Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди содирот қабул шуд. Дар он чӣ гуфта мешавад?
Ба таъхир афтодани чанд парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар пайи фаромадани тормеғ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Владимир Путин куштори Қобилҷонро “амали террористӣ” гуфт ва тафтиши беғаразонаи онро ваъда дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста