Хуҷанд. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Хадамоти коммуналии вилояти то ахири моҳи август барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории чароғҳои каммасрафи корношоям бояд биноҳои махсус омода созанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи нозироти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Аскар Абдувалиев хабар дод, бунёди чунин биноҳои махсус марҳилаи аввали омодагӣ ба безараргардонии чунин чароғҳо буда, айни замон набояд ба он роҳ дод, ки лампаҳои каммасрафи корношоям дар кӯчаву ахлотпарто мавҷуд бошанд. «То дар вилояти Суғд пайдо шудани таҷҳизоти безараргардонии ин чароғҳо, яъне аз дохили онҳо гирифтани симоб ба зарфи махсус пайдо нашавад, кор бо онҳоро танҳо дар ҷойҳои муайян мебояд ба роҳ монд, зеро симоби дохили лампаҳо дараҷаи аввали заҳрнокӣ дошта, дар сурати шикастани лампа ва ба хок олуда шудан, он тавассути рустаниву ширу гӯшти ҳайвонот метавонад ба ҷисми инсон роҳ ёбад», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, тамоми корхонаҳои вилоят огоҳонида шудаанд, ки лампаҳои каммасрафи корношоямро дар ҷойи махсус ҷамъоварӣ намоянд, вале бобати ҷамъоварии чунин чароғҳо аз аҳолӣ мушкилот ҷой дорад. «Метавон дар ҳар маҳалла барои ин контейнери махсус гузошт ё дар мувофиқасозӣ бо истеҳсолкунандагон шояд шароитеро фароҳам сохт, ки шаҳрвандон лампаҳои каммасрафи корношоямро ба лампаҳои нав иваз кунанд», - иброз дошт вай.
Номбурда ҳамчунин афзуд, айни замон бинобар мавҷуд набудани таҷҳизоти махсус комилан безараргардонии чунин лампаҳо дар вилояти Суғд ғайриимкон аст.




Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста