Зимни нишасти матбуотӣ муовини прокурори генералии ҶТ Абдуқодир Муҳаммадиев изҳор кард, ки ҳолатҳои истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон хусусияти оммавӣ надошта, ҳукумати кишвар ҷиҳати пешгирии он мунтазам тадбирҳо меандешад.
Ба гуфтаи ӯ, рақамҳои оморӣ низ гувоҳи гуфтаҳои болоянд, зеро соли 2010 ба мақомоти прокуратура 48 арзу шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа ворид шудааст, ки танҳо 10 ҳолати он пас аз тафтишоти дахлдор тасдиқ гардидаанд.
«Соли гузашта бошад, 26 арзу шикоят дар хусуси истифодаи шиканҷа ворид гардида, 5 ҳолати он тасдиқ шуданд ва мутобиқи панҷ ҳодиса парванда ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст», - гуфт вай.
Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон пас аз баррасии муроҷиати шаш нафар шаҳрвандони маҳкумшудаи Тоҷикистон, аз ҷумла Садриддин Тошев ва Бадриддин Сангов, ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев дар хусуси гӯё нисбат ба онҳо истифода шудани шиканҷа ҳангоми тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ ва ҳамчунин дар муассисаи ислоҳотӣ, далелҳои онҳоро беасос хонда, бо қарори худ баррасии минбаъдаи онҳоро қатъ сохт.
Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни дифоъ аз ҳуқуқ бар ин назаранд, ки истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон чун пештара мушкилоти доимӣ боқӣ мемонад.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста