Дар шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кафедраи мустақили журналистика ифтитоҳ гардид.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ректори донишгоҳ Нуралӣ Солеҳов иброз дошт, ки ин иқдом ба беҳбуди сатҳи дониш ва сатҳи ҳирфавии журналистони ояндаи ҳам васоити ахбори умуми чопӣ ва ҳам электронӣ мусоидат мекунад.
Ба қавли ӯ, дар муддати се соли фаъолияти шуъба ба он омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор қабул шуданд. «Ба кафедра журналисткаи телевизиони «Сафина» дар минтақаи Кӯлоб Шарофат Худойдодова, ки рисолаи номазадиашро дар мавзӯйи журналистика дифоъ намуд, роҳбарӣ мекунад», - гуфт ректор.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар 8 факултаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 35 кафедраҳои гуногун фаъолият дошта, дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ аз рӯйи 26 ихтисос ҳудуди 7 ҳазор донишҷӯён таҳсили илм мекунанд.



Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста