Зимни ҷаласаи фаъолони вилояти Хатлон раиси вилоят Ғайбулло Афзалов ба Сарраёсати молияи вилоят супориш дод, ки барои таъмири роҳҳои автомобилгарди таъиноти маҳаллӣ аз буҷет воситаҳо ҷудо карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ба ҳамаи роҳбарони корхонаву муассиса, идораву кумитаҳо супориш дода шуд, ки нақшаи кории мушаххас оид ба иҷрои нишондодҳои дар паёми солонаи президенти Тоҷикистон зикршударо таҳия созанд.

Дар ҷаласа ба масъалаи рушди саноати вилоят ва дастгирии соҳибкороне, ки нияти ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолиро доранд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.