Корхонаи маснӯоти оҳану бетонии шахри Томск омода аст, ки муҳоҷирони кории тоҷикро ба сифати мутахассисон ба кор қабл намояд. Корхона айни замон ба 20 коргар, аз ҷумла арматурасоз, қолибгар, кафшергар, насбгар ва дигар коргарони ёридиҳанда ниёз дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, зимни мулоқот бо кормандони намояндагӣ директори корхонаи зикршуда Татяна Купалина изҳор намудааст, ки муҳоҷирони тоҷике, ки ба кор қабул мешаванд, бо асноди зарурии иҷозати будубошу кор, ғизойи севақта ва музди меҳнати шоиста таъмин карда мешаванд.

«Танҳо дар мавсими кории ҷорӣ корхонаҳои минтақаи Сибир ба мо даҳҳо дархост барои фиристодани коргаронро пешниҳод карданд, вале мутаассифона, на ҳамеша дархости онҳо комилан қонеъ мегардад. Сабабаш норасоии мутахассисони соҳаҳои гуногун аст. Миёни муҳоҷирони тоҷик, ки ба хадамот муроҷиат мекунанд, шахсони соҳибкасб каманд», - афзуд сухангӯи намояндагӣ.