Анонс
- Дар бинои бойгонӣ (архив)-и давлатӣ (паҳлӯи мақомоти шаҳрдории пойтахт) бахшида 100-умин солгарди зодрӯзи оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ конфронс барпо мешавад. Оғоз соати 14-30;
- Дар суди шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ оид ба баррасии шикояти апеллятсионӣ аз рӯи парвандаи «Зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» идома меёбад. Оғоз соати 10-00;
- Дар ноҳияи Рӯдакӣ мусобиқоти ҷумҳуриявии тенниси рӯи миз миёни кӯдакони маъюб ба итмом мерасад;
- Дар Душанбе даври ниҳоии Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба тӯби дастӣ (гандбол) миёни ҷавонон баргузор мешавад.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.8387 сомонӣ;
1 евро - 6.8428 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1349 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1949 – Мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи обӣ-барқии Варзоб.
1961 — Дар Сталинобод боғи ҳайвонот ба фаъолият шурӯъ кард.
1963 — Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе мавриди истифода қарор гирифт
1964 – Сохтмони лӯлаи интиқоли гази Колхозобод-Душанбе ба итмом расид.
1997 – Суиқасд ба ҷони президенти ҶТ Э.Раҳмонов дар Хуҷанд.
1935 – Зодрӯзи фолклоршинос Рӯзӣ Аҳмадов.
1949 – Мавлуди олим Солеҳ Болтаев.
1930 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Қимматшо Ҳимматшоев.
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти начандон зиёд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +19+24; дар шарқи вилоят шабона -1-6, рӯзона +6+11.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +17+19.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста