- Ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 800 ҳазор нафар ихтиёран ба худкушӣ даст мезананд, - гуфта мешавад дар гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ)  «Пешгирии худкушӣ» (Предотвращение самоубийств).

Дар гузориш қайд мешавад, ки тайи солҳои ахир тамоили афзоиши шумори ҳодисаҳои худкушӣ миёни ҷавонони синни аз 15 то 25-сола ба мушоҳида мерасад.

Сабабҳои аслии ба ин амал даст задан камбизоатӣ, бекорӣ, ҳарос пеш аз ҷазо, бемориҳои рӯҳӣ, муноқишаҳои хонаводагӣ, тарсу ваҳм,сериву безорӣ аз зиндагӣ ва гирифторӣ ба бемориҳои вазнин унвон шудаанд.

Гуфта мешавад, 75%-и ҳодисаҳои худкушӣ дар ҷаҳон дар кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна рух додаанд. Кишвари пешсаф аз нигоҳи сатҳи худкушӣ Гайана зикр шудааст, ки аз 100 ҳазор нафар 44 нафар даст ба худкушӣ мезананд.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ сатҳи баланди худкушӣ дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст, ки аз 100 ҳазор нафар 23 нафар рост меояд. Дар идома Туркманистон (19 нафар аз 100 ҳазор), Қирғизистон (9 нафар), Ӯзбекистон (8 нафар қарор) доранд. Миёни кишварҳои ин минтақа аз ҳама камтар сокинони Тоҷикистон ба худкушӣ майл доштаанд, ки аз 100 ҳазор нафар 4 нафарро ташкил медиҳад.

Дар паҳнои ИДМ ин нишондиҳандаҳо дар Русия - 19 нафар, Беларус - 18 нафар, Украина - 16 нафар, Молдова - 13 нафар, Арманистон - 3 нафар ва Озарбойҷон - 2 нафар аз 100 ҳазор нафарро ташкил додаанд.