Ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории Душанбе барои таҳияи беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он озмуни кушод эълон кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, озмуни аз 23 май то 23 июл идома ёфта, дар он шахсони ҳуқуқӣ ва хусусии ватаниву хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Аз ин озмун санаи 30 июл натиҷагирӣ мешавад.
Ғолиби озмун дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар таҳияи лоиҳа ҷиҳати ҷалби беҳтарин лоиҳакашони ватанию хориҷӣ мусоидат намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур кӯчонида шудани бозорҳои «Ганҷина» ва «Панҷшер»-и пойтахт пешбинӣ мешавад.



Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста