Анонс

- Дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ҷаласаи 15-уми ҷашнии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ идома медиҳад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8685 сомонӣ;

1 евро – 8. 9709 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1200 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1938 – Интихоботи нахустин ба Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.

2004 – Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи тасдиқи Кодекси ахлоқ барои хизматчиёни давлатии тамоми сатҳҳо фармон ба имзо расонид.

2009 — Тоҷикистон ҳиссаи худ дар сармояи оинномавии Бонки авруосиёии рушд дар ҳаҷми 500 ҳазор $-ро пардохта, иштирокчии чоруми комилҳуқуқи ин бонк шуд.

1920 – Зодрӯзи рассом, арбоби фарҳанги Тоҷикистон Ворис Серебрянский.

1934 – Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон Александр Яблоков.

1949 – Зодрӯзи докотори улуми филологӣ, арбоби давлатӣ Додихудо Саймуддинов.

1950 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муаззама Иброҳимова.

1960 – Зодрӯзи Игор Сатторов, котиби матбуотии КВД «Корхонаи алюминии Тоҷикистон» (ТАЛКО).

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27.  

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +40+42.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.