Бо пешниҳоди хадамоти коммуналии ҳукуматҳои ноҳияҳои пойтахт тарифҳои ҳаққи хизматрасонии баровардани партови маишӣ аз 1 майи соли 2019 ба ҳисоби миёна ба андозаи 10% боло бурда шуданд.
Мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат пешниҳоди роҳбарони хадамоти коммуналиро баррасӣ ва бар асоси қарори қабулшуда тарифҳои навшударо ба ин хизматрасонӣ тасдиқ карданд, хабар доданд аз Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи раиси Душанбе.
Ҳисобу китоб бо тарифҳои нав аз 1 майи соли 2019 оғоз мегардад.
Бо саволҳои пайдошуда доир ба нархномаи амалкунандаи хизматрасониҳо метавон ба мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои ноҳияҳои шаҳр ва шуъбаҳои хоҷагии коммуналӣ дар маҳалли зист муроҷиат намуд.
Тарифҳои нави ҳаққи хизматрасонии баровардани партов дар ноҳияҳо гуногун муқаррар шудааст: ҳамааш аз масофа ба партовгоҳи асосии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста аст ва табиист, ки ин ҷо хароҷоти нақлиёт ба инобат гирифта мешавад.
Инак, пардохти ҳаққи баровардани партов дар ноҳияҳо тариқи зайл муқаррар шудааст:
Барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ
- барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 3,60 сомонӣ (қаблан 2,50 сомонӣ нарх дошт);
- барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 2,50 сомонӣ (нархи пештара - 2,10 сомонӣ);
- барои хонаҳои нообод (баракҳо) ба як нафари воқеан дар он иқоматдошта – 3,40 сомонӣ (нархи пештара - 2,80 сомонӣ);
- барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 3,60 сомонӣ (нархи пештара - 3,00 сомонӣ);
- барои ташкилотҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 34,50 сомонӣ (нархи пештара 27,00 сомонӣ);
- барои корхона ва ташкилотҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 45,54 сомонӣ (нархи пештара - 39,00 сомонӣ).
Барои сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ
- барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 2,90 сомонӣ (нархи пештара - 2,40 сомонӣ);
- барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 2,40 сомонӣ (нархи пештара - 2,00 сомонӣ);
- барои хонаҳои нообод (баракҳо) ба як нафари воқеан дар он иқоматдошта – 3,50 сомонӣ (нархи пештара - 2,70 сомонӣ);
- барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 3,30 сомонӣ (нархи пештара - 2,90 сомонӣ);
- барои ташкилотҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 35,65 сомонӣ (нархи пештара - 23,00 сомонӣ);
- барои корхона ва ташкилотҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 44,40 сомонӣ (нархи пештара - 27,00 сомонӣ).
Барои сокинони ноҳияи Сино
- барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 3,20 сомонӣ (нархи пештара - 2,60 сомонӣ);
- барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 2,40 сомонӣ (нархи пештара - 2,20 сомонӣ);
- барои хонаҳои нообод (баракҳо) ба як нафари воқеан дар он иқоматдошта – 3,50 сомонӣ (нархи пештара - 3,00 сомонӣ);
- барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) ба як нафари воқеъан дар он иқоматдошта – 3,30 сомонӣ (нархи пештара - 3,10 сомонӣ);
- барои ташкилотҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 35,65 сомонӣ (нархи пештара - 27,00 сомонӣ);
- барои корхона ва ташкилотҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 44,40 сомонӣ (нархи пештара - 39,00 сомонӣ).
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед







Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста