Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то шоми 8 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 719 нафар расида, давоми як шабонарӯз теъдоди онҳо 29 нафар зиёд шуд.

Шумораи фавтидагон бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ бетағйир - 97 нафар аз оғози пандемия боқӣ мемонад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 461  нафар худ 98,2%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 24 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори сироятёфтагону фавтидагон аз ин беморӣ ҳазорҳо номбар мешавад.

Дар ҷумҳурӣ ваксиназании шаҳрвандон идома дорад. Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки то  7 июл 339  ҳазору 749 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида   19  ҳазору 136 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки ба ҷуз занони ҳомиладор ва модарони ширхорадор, инчунин касоне, ки дар вақти ваксингирӣ дар онҳо коронавирус ошкор шудааст, дигар барои боқимонда шаҳрвандони синни аз 18-сола болои Тоҷикистон ваксинагирӣ ҳатмӣ аст.

Шахсони синни аз 18-сола боло, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ба табиби оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷиат намоянд. Ваксинагузаронӣ бепул аст.

Барои шахсоне, ки ваксина намегиранд, то ҳол ягон чораи манъ ё маҳдудият ҷорӣ нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.