Дар Вазорати тандурустӣ итминон медиҳанд, ки дар сурати ошкор шудани делта-штамми коронавирус дар ин бора расман эълон мешавад. Дар ҳамин ҳол, табибони машғули кор дар “минтақаи сурх” зикр мекунанд, ки аломатҳои беморӣ тағйир ёфта, ин шояд маҳз ба “делта” ишора мекунад.
Шумори бемрон аз COVID-19 дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда, дар беморхонаҳо аллакай ҳолатҳои беморӣ ҳатто байни кӯдакони ширхора ба қайд гирифта шудааст. Табибон аз эҳтимол дур намедонанд, ки сабаби ин пайдо шудани штамми хатарноки ҳиндии коронавирус дар кишвар бошад.
“Ба фикри ман, штамми “делта” дар мо аллакай ҳаст. Нисбат ба дигар вариантҳои коронавирус аз он зудтар сирят метавон ёфт. Қаблан пеш аз воридшавӣ ба шушҳо вирус дар гулӯ 3-4 рӯз боздошт мешуд. Тарзи пурсамари табобат истеъмоли нӯшокии зиёд ба шумор мерафт. Ба ин тариқ, вирус тадриҷан заъиф шуда, дар низоми шуш дигар паҳн намешуд. Лекин “Делта” дарҳол ба шуш роҳ меёбад. Аломатҳояш камтар зоҳир мешаванд, лекин беморӣ душвор ҷараён мегирад”, - мегӯяд табиби сироятшинос Мамлакат Турсунова.
Ба гуфтаи ӯ, агар пештар коронавирус ба сулфа, ҳарорати баланд ва беҳолии умумӣ боис мегардид, акнун ҳарчи бештар аломатҳои дигар ба мушоҳида мерасанд.
“Ҳарорати баланду сулфа нест, яъне ҷавоби бояду шояди сироятнопазирӣ ҳосил намешавад. Беморон аз ҳарчӣ бисёртар аз дарди сару гардан ва қафаси сина шикоят мекунанд. Ҳамаи ин дар партави заъфи умумӣ. Бо чунин аломатҳо саривақт ошкор намудани COVID-19 душвортар аст, ки ин ба вирус барои зарба ба шушҳо вақт медиҳад”, - иброз дошт табиб.
Дар ҳамин ҳол, Мамлакат Турсунова зикр кард, ки дар таҷрибаи ӯ аллакай ҳолати гирифтории кӯдак ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
“Ду ҳафта пеш дар шуъбаи ман зане бо коронавирус бистарӣ буд ва ҳамагӣ чанде пеш келини ӯ бо духтарчаи 6-моҳааш бистарӣ шуд. Аз рӯйи натиҷаҳои ташхис дар ҳар се нафар ҳам COVID-19 ошкор шуд”, - зикр кард табиб.
Вазорати тандурустӣ инкор мекунад
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, штамми “делта” дар кишвар вуҷуд надорад.
“Ҳисоботи озмоишгоҳҳо дар бораи натиҷаҳои ташхиси аҳолӣ ҳамарӯза ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод гардида, штамми ҳиндӣ ошкор нашудааст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорат.
Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров чунин изҳор дошт: “Мо COVID-19-ро табобат мекунем ва тамом. Аз ҳама муҳимаш ҳамин аст. Муайн кардани штаммҳои он вазифаи озмоишгоҳҳо мебошад”.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки “агар дар Тоҷикистон “делта” пайдо шавад, дар ин бора ҳатман дар сомонаи онҳо - moh.tj хабар дода мешавад”.
Штамми нави “делта”-и коронавирус тирамоҳи соли гузашта ошкор шуда, охири баҳори соли 2021 дар як қатор кишварҳои ҷаҳон хеле бисёр паҳн шуд. Он дар Русия низ ба қайд гирифта шудааст, тибқи маълумоти сардухтури давлатии санитарии Русия Анна Попова, 66% беморон аз ин штамм сироят гирифтаанд.
Дар ҳамаи вилоятҳои Қазоқистон низ он ба қайд гирифта шудааст. Департаменти пешгирии бемориҳо ва нозироти санитариву эпидемиологии Қирғизистон низ аз эҳтимол дур намедонад, ки штамми “делта” ба ҷумҳурӣ ворид гардида, лекин расман ин ҳоло тасдиқ нашудааст. Дар Ӯзбекистон имрӯз Вазорати инноватсия тасдиқ намуд, ки делта-штамм аллакай ошкор шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста