26 август дар кинотеатри “Ватан” нахустнамоишии филми бадеии “Фурӯғ” баргузор мегардад. Филм аз ҷониби коргардони ҷавон Одинаи Маҳмад таҳия шуда, муаллифи филмнома Абдулҳай Зокиров ва наворбардор Абдукарим Уроқов мебошад.

Филми мазкур аз зиндагии духтараки имконияташ маҳдуд (кар ва гунг) нақл мекунад, ки марги ногаҳонии модар ба ҳолати рӯҳии ӯ таъсири ҷиддӣ расонидааст.

Филми “Фурӯғ” давоми 8 моҳ наворбардорӣ ва танзим шуда, дар он нақши асосиро Зулайхои 7 - сола иҷро мекунад. Барои иҷрои нақши духтараки имконияташ маҳдуд Зулайхо ду моҳ аз муаллимони забони имо ва ишора дарс гирифтааст.

Ба гуфтаи коргардон “дар аввал мехостанд ба нақши асоси духтараки имконияташ маҳдудро ҷалб кунанд, аммо баъдан бо назардошти душвории кор ҳангоми сабт, аз нияти худ даст кашиданд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки солҳои охир коргардонҳои тоҷик бештар ба наворгирии филмҳои кӯтоҳ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро он хароҷоти кам дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.