Ширкати сохтмонии “Крокус Групп”-и Русия қарзи худ аз 450 муҳоҷири тоҷикро пардохт кардааст. Ин ширкат аз муҳоҷирони тоҷик дар умум беш аз 41 млн. рубли русӣ қарздор буд.

Пас аз корпартоӣ ва дахолати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ниҳоят ширкати сохтмонии “Крокус Групп”-и Русия беш аз 41 млн рубл карзашро дар назди 450 муҳоҷири тоҷик пардохт кардааст.

Садбарг Собирова, сухангӯи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки пас аз дахолати намояндагии вазорат дар Русия ва муроҷиат ба роҳбарияти ширкати сохтмонии “Крокус Групп” ва Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат Русия ин ширкат музди меҳнати се моҳи охири соли гузашта, яъне октябр, ноябр ва декабр ва моҳҳои январ ва феврали соли 2023-ро ба муҳоҷирони тоҷик пардохт кардааст.

“Аз 23-юми август то 7-уми сентябр ширкати “Крокус Групп” дархостҳои Намояндагиро вобаста ба бартараф намудани қонунвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат ва пардохт намудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро қонеъ гардонида, ба коргарони тоҷик музди меҳнати аз 2 то 4 моҳа пардохтнашударо, ки беш аз 41 млн рублро ташкил дод, пардохт намуд”, - гуфт Садбарг Собирова.

Ба таъкиди Садбарг Собирова айни ҳол ширкати “Крокус Групп” назди муҳоҷирони тоҷик қарздор нест.

“Муҳоҷирони тоҷик аз моҳи март то август низ маошашонро гирифтаанд”, - гуфт ӯ.

Дар ду наворе, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, муҳоҷирони тоҷик тасдиқ мекунанд, ширкати сохтмонии “Крокус Групп”-и Русия  “музди меҳнати то 4-моҳаи 450 нафар муҳоҷири тоҷикро, ки дар ҷамъ 41 миллион рубл мешавад, пардохт кард”.

Бояд гуфт, ки охири моҳи феврали соли равон як гурӯҳ муҳоҷирони кории тоҷику ӯзбек, ки дар ширкати сохтмонии “Крокус Групп”-и Русия кор мекарданд, аз сабаби нагирифтани музди меҳнати чандмоҳа даст ба корпартоӣ заданд.

Баъди чанде Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия хабар доданд, ки бо намояндагони ширкати сохтмонӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон  вохӯрданд ва масъалаи мазкурро баррасӣ карданд.

Маълум гардидааст, ки  дар сохтмони иншооти мазкур наздик ба 2300 нафар кормандон ҷалб карда шудаанд, ки қариб 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва боқимонда аз Ӯзбекистон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи март ин ширкати сохтмонии Русия беш аз 100 миллион рубли русии муҳоҷиронро пардохта кард, ки он, ба қавли масъулин, як қисми музди меҳнати муҳоҷирон буд ва қисми дигарро бояд баъдан пардохт мекарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.