Дар соли 2023 бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия 244 миллиону 612 ҳазору 402 рубли русӣ (29 миллиону 353 ҳазору 488 сомонӣ) маоши муҳоҷирони кории тоҷик, ки корфармо напардохта буд, баргардонида шуд. Дар ин бора ин намояндагӣ хабар додааст.
Ин ниҳод навиштааст, ки сабаби нопардохтани музди меҳнати муҳоҷирон набудани шартномаи меҳнатӣ, номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо, баъзан сифати пасти иҷрои корҳо мебошад.
Намояндагӣ гуфтааст, масъалаи нопардохтани музди меҳнати муҳоҷиронро тариқи суд баррасӣ карда, маблағи онҳоро баргардонидааст.
“Азбаски муҳоҷирон бе шартномаи меҳнатӣ ба кор шуруъ намуда, дар ягон ҳуҷҷати расмӣ ному насабашон ба қайд гирифта нашудааст ва ғайр аз ин, одатан муҳоҷирон ному насаби кордиҳандаи аслӣ, суроғаи ҳуқуқии корхонаро намедонанд, пайгирии масъалаи исботи муомилаи коргар бо корфармо мушкилӣ эҷод мекунад”, - гуфтааст ин ниҳод.
Бо ишора ба ин, онҳо ба муҳоҷирон тавсия додаанд, ки минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Русия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ маҳфуз нигоҳ доранд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба намояндагии онҳо дар шаҳри Маскав ва Ҳавзаҳои федералии Русия бо рақамҳои зерин муроҷиат кунанд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Маскав: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;
3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;
4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ба ҳамтои эронии худ барқияи таслият ирсол кард
Абдунабӣ Сатторзода: Лоиқро ба ҳарду майдон даъват мекарданд, аммо ӯ ёри на “Шаҳидон” ва на “Озодӣ” буд
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш изҳори ҳамдардӣ кард
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Тотористон ронандагон ва муҳандисони тоҷикро ба кор ҷалб кардан мехоҳад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста