Аз 1-уми апрели соли 2024 дар Русия тағйирот ба Қонуни федералӣ “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ” мавриди амал қарор мегиранд. Тағйироти зиёд дар назар аст: онҳо ба супоридани имтиҳон, сангинтар кардани ҷазо барои дар ҳолати мастӣ идора кардани автомашина ва ғайра дахл доранд.
Яке аз тағйироти муҳим ба он дахл дорад, ки эътироф нашудани шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ва байнулмилалӣ оғоз мегардад.
Чаро ҷорӣ намудани чунин қоида зарур омад?
Чунин шуморида мешавад, ки ҳарчанд ронандагони дорои шаҳодатномаи хориҷӣ ё байнулмилалӣ аллакай таҷрибаи амалии идоракуниро дошта бошанд ҳам, ба ҳар ҳол Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар кишварҳои гуногун фарқ мекунад, масалан, аломатҳои роҳ ё нишондиҳандаҳо. Аз ин рӯ, барои хориҷиен беҳтар аст, ки хусусиятҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳи маҳаллиро омӯзанд.
Ғайр аз ин, ҳолатҳое кам нестанд, ки ронандагони дорои шаҳрвандии Русия, вале бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ худдорӣ мекунанд. Шаҳрвандони Русия бояд ҳар 10 сол як маротиба аз он гузаранд, лекин хориҷиён бидуни ин санҷиш аз ҳуҷҷатҳои худ дар Русия “бемуҳлат” истифода мебаранд.
Ин "ҷазо" барои ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” аст?
Не. Аввалан, ҳама гуна шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ё байналмилалӣ беэътибор дониста мешаванд, натанҳо барои сокинони Тоҷикистон. Раванди ба даст овардани шаҳодатномаи ронандагӣ барои худи русҳо низ мушкилтар мешавад.
Гузашта аз ин, сарфи назар аз эътибор пайдо кардани қарори мазкур аз 1 апрел, он ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта қабул шуда буд.
Ман шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро дорам, акнун наметавонам дар Русия ронандагӣ кунам?
Бале, аммо дарҳол не, шумо ҳоло ҳам вақт доред! Дар баъзе ҳолатҳо барои иваз як сол муҳлат дода мешавад.
Шаҳодатномаи ронандагӣ дар чунин ҳолатҳо беэътибор мешаванд:
- пас аз як сол аз лаҳзаи гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё дарёфти шаҳрвандии Русия;
- пас аз як сол аз лаҳзаи вуруди соҳиби он барои иқомати доимӣ дар Русия, ки шаҳрванди Русия мебошад.
Масалан, агар то 1 апрели соли 2024 ронанда беш аз як сол шаҳрванди Русия ҳисобида шаваду бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ воситаи нақлиёташро идора кунад, пас ба ӯ лозим меояд, ки ҳуҷҷаташро фавран иваз намояд. Агар ӯ танҳо як моҳ пеш шаҳрвандӣ гирифта бошад, барои иваз кардани ӯ 11 моҳи дигар вақт ҳаст.
Оё истисноҳо вуҷуд доранд?
Истисно танҳо барои шаҳрвандони Беларус пешбинӣ шудааст.
Пас чӣ бояд кард?
Лозим меояд, ки шаҳодатномаи ронандагиро иваз кунед.
Агар шумо мошини сабукрав дошта бошед, барои ин шумо бояд дар Сарнозироти Бехатарии ҳаракат дар роҳ (ГИБДД) аз назария имтиҳон супоред. Имтиҳони амалӣ супоридан лозим намеояд.
Аммо агар ният дошта бошед, ки ронандаи автобус, автомашинаҳои боркаш ё қатораҳои воситаҳои нақлиёт мешавед, пас имтиҳони амалиро низ супоридан даркор меояд.
Инчунин, сарфи назар аз категорияҳои шаҳодатнома, аз муоинаи тиббӣ гузашта зарур аст.
Муоинаи тиббӣ аз чиҳо иборат аст?
Аз муоинаи табибон, аз ҷумла духтури чашм, равоншинос, табиби бемориҳои нашъамандӣ (нарколог) ва инчунин терапевт гузаштан лозим меояд. Агар шумо ният дошта бошед, ки ронандаи автобус ё мошинҳои боркаш мешавед, дар ин ҳолат низ аз муоинаи асабшинос (невролог) гузаштан лозим аст.
Чӣ мешавад, агар ман бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон ба корам идома диҳма ва онро иваз накунам?
Ба ронандагон аз 5 то 15 ҳазор рубл ҷарима таҳдид мекунад (аз рӯи қисми 1. моддаи 12.7 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ). Ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ нашудааст.