Аз ин пас 22-юми сентябр ҳамчун Рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар Тоҷикистону Эрон ҷашн гирифта мешавад. Ин тасмим дар ҷараёни ҳамоише, ки бо ширкати донишмандони ду кишвар дар Эрон баргузор гардид, гирифта шуд.
Дар ин бора Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии "ЭКО" ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки ҳамоиши байналмилалии “Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон” рӯзи 25-уми декабр дар Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳади Эрон гузаронида шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамоиш миёни ҳайати тадорукот созишномае аз 10 банд ба имзо расид. Яке аз он бандҳо таҷлили Рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар Тоҷикистону Эрон будааст, ки онро Сафарати Тоҷикистон дар Эрон пешниҳод карда буд.
Ҳамчунин, дар асоси ин созишнома баргардону нашри осори муҳаққиқони Тоҷикистону Эрон дар ҳарду кишвар пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, банди дигар ба тақвияти ҳамкориҳои донишгоҳӣ ва илмӣ миёни донишгоҳҳо ва марокизи илмии ду кишвар равона гардидааст.
Дар ҳамоиш намояндагони расмӣ ва донишмандони барҷастаи ҳарду кишвар иштирок доштаанд. Аз ҷумла, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, Фарангис Шарифзода, раиси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси тоҷик аз Тоҷикистон ва аз Эрон рӯдакишиносон ва муҳаққиқон Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, Салмон Сокит, Насрулло Имомӣ, ширкат ва перомуни нақши устод Рӯдакӣ пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон суханронӣ кардаанд.
Ҳусейн Симоии Сарроф, вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Эрон дар суханронии худ Рӯдакиро яке аз ҳалқаҳои пайванди фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон унвон карда, намоди адабиёту тамаддуни бузург арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, дар ҷараёни ҳамоиш китоби “Ёди шеъри Рӯдакӣ ояд ҳаме”-и рӯдакишиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод, ки бо хати форсӣ дар Эрон нашр шудааст, муаррифӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёт, шоири бузург, одамушшуаро ва сардафтари адабиёти классикии форсии тоҷикӣ дар нахустсафҳаи таърихи адабиёт сабт шудааст.
Турбати ӯ ҳоло дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент қарор дорад ва зиёратгоҳи ҳазорон фарҳангиёну сайёҳони олам гаштааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз соли 2002 ба ин сӯ ҳамасола 22-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Ба хотири гиромидошти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои ҷаҳон муҷассамаҳои мавсуф гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо пешниҳоди Эмломалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз тарафи ЮНЕСКО 1150 - солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Маскав, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд.
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста