Минбаъд кормандони пулиси пойтахт мунтазам барои тамошои намоишҳои саҳнавии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ хоҳанд рафт. Дар робита ба ин дирӯз, 18-уми март, байни Раёсати ВКД-и пойтахт ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Дар ин бора аз маркази матбуотии Раёсати ВКД-и Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, ин аввалин таҷриба дар ҷумҳурӣ аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо як муассисаи фарҳангӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо карда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба барномаҳои фарҳангӣ ҷалб мекунад.
Манбаъ гуфт, ҳамзамон чорабиниҳои фарҳангию фароғатие, ки дар доираи иду ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби худи милитсияи шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд, дар бинои театри мазкур баргузор мешаванд.
Ҳадафи имзои ин санад таҳкими робитаҳо байни сохторҳои фарҳангӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дастгирии гурӯҳҳои эҷодӣ ва рушди санъати театри дар кишвар гуфта мешавад.
Аммо ҳанӯз гуфта намешавад, ки кормандони милитсия ҳар чанд муддат ба театр мераванд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, “созишнома тоза ба имзо расид ва дар ояндаи наздик нақша низ муайян мешавад”.
Бояд гуфт, масъалаи камтамошобин будани театрҳои тоҷик солҳои охир нигаронии аҳли зиё ва фарҳангро ба бор овардааст. Борҳо аҳли фарҳанг шикоят кардаанд, ки солҳои охир ҳатто мақомдорон ба санъати театр таваҷҷуҳ надоранд.
Аз ҷумла, Асалбек Назриев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар яке аз мусоҳибаҳои худ шиква карда буд, ки қаблан вазирону раисон ҳам ба театр меомаданд. Аз ҷумла, ӯ аз Саймумин Ятимов, Шералӣ Мирзо ва Рамазон Раҳимзода ном бурда буд.
Бояд гуфт, дар кишвар барои рушди театрҳо барномаи махсус амал мекунад. ҳунармандону фарҳангиён умед доранд, ки ин барои ҳалли мушкили соҳаи театр то андозае кумак мекунад, агар дар рӯйи коғаз намонад.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста